Имрӯз 10.04.2025 бо ташаббуси кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии инстиути технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии ДБССТ, мизи мудаввар дар мавзуи “Таъсири зеҳни сунъӣ дар раванди таълим” гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввар н.и.и., дотсенти кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Маҳмадрасул Абдуқодирович иштирок ва баромад намуданд.
Зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence, AI) ин як соҳаи илм ва технология мебошад, ки ба сохтани системаҳо ё нармафзорҳои компютерӣ нигаронида шудааст, ки қобилияти иҷрои вазифаҳои зеҳнӣ, монанди таҳлил, қабули қарорҳо, шинохти чеҳра ва омӯзишро доранд. Ин технология кӯмак мекунад, ки равандҳои мураккабро автоматӣ созанд ва бо истифодаи маълумот қарорҳои самаранок қабул намоянд.
Пайдоиши зеҳни сунъӣ. Аз солҳои 2000 то имрӯз, зеҳни сунъӣ ба як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти рӯзмарраи инсон табдил ёфтааст. Имрӯзҳо бисёре аз мардум, ҳар рӯз аз технологияҳои AI истифода мебаранд. Масалан, хизматрасониҳои рақамӣ чун Google, Siri ва Alexa барои ҷустуҷӯи маълумот, коркарди овоз ва гуфтугӯ бо корбар истифода мешаванд. Зеҳни сунъӣ ҳамчунин дар таҳлили аксҳо, шинохти чеҳраҳо, шинохти овоз ва тарҷумаҳои автоматии забонҳо нақши муҳим мебозад. Ин ҳама нишон медиҳад, ки зеҳни сунъӣ акнун танҳо як фанни илмӣ нест, балки як абзори қавии зиндагии муосир аст.
Дар охир иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.