МОДАРОН – ИЛҲОМБАХШИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Таҷлили сазовори Рӯзи модар дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бо шукӯҳу шаҳомати хос ва бо риояи расму анъанаҳои миллӣ таҷлил гардид.
Дар ин чорабинии тантанавӣ ректори донишгоҳ, аъзои раёсат, занону бонувон ва донишҷӯдухтарони ин боргоҳи илму маърифат иштирок намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, зимни сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии худ тамоми занону бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ ва сохторҳои онро дар вилоятҳои Хатлону Суғд ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрик гуфт.
ФИШУРДАИ ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ПРОФЕССОР АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД.
Бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи модарон, бонувон ва донишҷӯ-духтарони гиромиро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик мегӯям!
Модар – мазҳари муҳаббат, меҳру вафо, сабру таҳаммул ва чароғи равшани хонадони ҳар як инсон аст. Бо шири поку дуои неки модарон фарзандон роҳи саодатро меёбанд ва ҷомеа бо ҳузури онҳо обод мегардад. Дар роҳи илму маърифат, тарбияи фарзандон ва рушди Ватани азиз нақши модарон беназир аст.
Бояд тазаккур дод, ки бо дарназардошти нақши бисёр арзишманду муассири занону модарон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Модар чароғи хонадон, офтоби бахту саодати фарзандон ва сарчашмаи меҳру муҳаббат дар ҷомеа мебошад. Дастгирии модарону бонувон, баланд бардоштани мақому манзалати онҳо ва таъмини зиндагии шоиста барои ин қишри муҳими ҷомеа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату Ҳукумат мебошад.”
Воқеан Зан-Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад.
Басо рамзист, ки ин Рӯзи модар дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз таҷлил мегардад. Фасли баҳор ва зан ҳар ду рамзи эҳёи зиндагӣ ва шодиву ормонҳо ҳастанд. Зан-модар, чун баҳор, бо муҳаббат ва меҳру дуо дунёро ба равшанӣ мебарад. Зан, бо дили худ ва ишқаш ба зиндагӣ, табиат ва олам одамиро ба хати нур мебарад.
Маънӣ ва зебоии зиндагӣ барои ҳар инсон аз муҳаббати модар, хоҳар ва зан оғоз меёбад. Ин муҳаббат, ки дар вуҷудаш як табиати некӯ ва фидокорӣ ҷо дорад, ҷаҳонро равшан мегардонад. Бо нури гармии ҷонбахшаш на танҳо инсонҳоро, балки заминрову замонро ба эҳёи нав, ба эҷод, ба созандагӣ водор мекунад.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ифтихор изҳор медорад, ки теъдоди занон дар сафи роҳбарикунандаи донишгоҳ, ҳайати омӯзгорон ва муҳаққиқони донишгоҳ рӯ ба афзоиш аст. Хусусан, бонувоне, ки соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд, бо нерӯ ва маҳорати баланди худ дар пешбурди фаъолияти илмию таълимӣ нақши муҳим доранд. Онҳо на танҳо ба пешрафти донишгоҳ, балки ба рушди илму маориф ва тарбияи мутахассисони баландихтисос мусоидат менамоянд.
Боиси хушнудист, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сафи донишҷӯдухтарон низ аз тамоми минтақаҳои кишвари азизамон рӯз аз рӯз меафзояд. Онҳо бо заковати баланд, ҷаҳду талоши пайваста ва азму иродаи қавӣ ба насли ояндасози миллат табдил ёфта, дар арсаҳои гуногуни илм ва касбу ҳунар намунаи ибрат мегарданд. Мо бо онҳо ифтихор мекунем ва комёбиҳои онҳоро нишонаи пешрафти Донишгоҳ ва ҷомеаи илмиву фарҳангии кишвар меҳисобем.
Шумо рамзи меҳру муҳаббат, садоқат ва нерӯи созанда ҳастед. Мо ба иқдомҳои нек ва талошҳои арзандаи шумо такя мекунем, барои саҳми бузургатон дар рушду шукуфоии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон арҷ мегузорем!
Бигзор муҳаббат ва дуои неки модарон ҳамеша ҳидоятгари роҳи фарзандон ва рушду камоли миллат бошад!
Сипас, дар идомаи чорабинӣ кормандону омӯзгорони фаъоли Донишгоҳ аз ҳисоби занону бонувон бо Сипоснома ва кумакҳои молиявии яквақтаина қадрдонӣ гардиданд.
Чорабинии фарҳангии идонаи Донишгоҳ бо иштироки ҳунармандони мумтози кишвар ва донишҷӯён табъи ҳозиринро боз ҳам болидатар гардонид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *