МОҲИ ШАБ ШУЪЛАЕ АЗ ДИДАИ БЕДОРИ ЗАН АСТ

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)
Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад,
Ҷунбиши гавхора ёд аз чархи даввор оварад.
Домани бахт аст аз домони ту,
Дил ба сомон аст аз сомони ту.
Зан – модар олиҳаи ҳусну зебоӣ сарманшаи ҳаёт мебошад. Вақте ибораи модарро талаффуз мекунем дар дил нидои оромию осудагӣ, муҳаббату гуфтори нек падид меояд. Модари асил бо иродаи хастанопазир барои таъминоти моддӣ ва тарбияи ғоявию маънавии аҳли оила тамоми кӯшишашро ба харҷ медиҳад. Бидуни шубҳае метавон қайд намуд, ки ҷойи модарро ягон каси дигар гирифта наметавонад.
Дар ашъори бузургони миллати мо мавқеи зан дар зиндагисозӣ ва ҳаёти башарият махсус қайд карда шудааст. Роҷеъ ба бузургии модар асарҳо, шеъру достонҳо, китобҳои зиёде иншо намудаанд. Вале ҳар кадом вассофи модар дар таснифи хусусиятҳои ӯ ва зиндагиномаи нотакрори ӯ ноком мондаанд. Зеро дурахши офтоб ҳамсон ба мисли чеҳраи нуронии модар аст, ки тавсири он ба ҳеҷ кадоме муяссар намегардад. Нақши поку мондагори ӯ дар тамоми соҳаҳои мамлакат чашмрас буда садҳо фидоиёнеро ба воя расонида баҳри дифои миллат, номус, рушди ҷамъият сафарбар намудааст, ки матонату бузургии ӯро пеши назар ҷило медиҳад.
Агарчи аз модар пайғамбаре нест, вале ҳамаи пайғамбаронро модаре ҳаст. Тамоми бузургони илму адабро ӯ ба воя расонидааст. Дар назди хешу таърих, умуман имрӯзу оянда девори ҳақиқату ростиро бо меҳру муҳаббати самимию беғаразона бино карда…
Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст, қайд намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёми худашон.
Доир ба тадбирҳои доимии Ҳукумати мамлакат дар бораи нақши зан ибрози андешарони намуданд, ки ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд.
Воқеан дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад.
Шоири бузурги миллат Лоиқ Шералӣ дар шеъре ба модарбахшидаашон чунин ишора менамоянд.
Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.
Ман ба ҷойи туам эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардоинигарам ҳадяи тӯст!
Месузад вале месозад, одамиро… ҳақиқатро бо чашмони нозукбинаш мебинад, баҳри ислоҳи камбудиҳо мекушад агар, чи мушкил аст. Вале дар ин кор низ муваффақ мешавад. Ҳаргиз нидои ӯ аз хотираҳо фаромӯш намешавад. Агар қалам ба даст гирӣ то ҳамаи инро иншо намои боз ҳам муваффақ намешавӣ, зеро ӯ фаришта аст воқеан фаришта аст, ки дар тавсифи ҳастии ӯ оҷизи пеш меояд.
Моро месазад, ки доим дар ҳурмату эҳтироми ин фариштаи заминӣ бошем ва гуфторҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар муносибат ба зан – модар ҳамарӯза ба кор барем.
Аз сари пистони ту сар мешавад умри ҳама,
Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама.
Аз дили ту сар шавад дарёдили,
Қобили сурат шавад обу гиле.
Тӯлиев М.С., Шарипов У. – омӯзгорони кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *