МУАРРИФИИ ДБССТ ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА МЕҲМОННАВОЗИИ ЧИН

22 марти соли 2025 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Шашумин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии баҳори Синҷон, ки дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.
Қобили қайд аст, ки дар намоишгоҳ беш аз 700 субъектҳои соҳаи сайёҳӣ аз кишварҳои гуногун ҳузур доштанд.
Намояндагони донишгоҳ дар баробари дигар иштирокдорон имкониятҳои таҳсилотӣ, заминаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва иқтидорҳои донишгоҳро дар самти рушди сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ муаррифӣ намуданд.
Иштироки донишгоҳ дар чунин чорабинии сатҳи байналмилалӣ ба рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо муассисаҳои хориҷӣ мусоидат намуда, барои ҷалби донишҷӯёни байналмилалӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон нақши муҳим хоҳад бозид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *