МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ ДБССТ ДАР ҲИНДУСТОН

МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ ДБССТ ДАР ҲИНДУСТОН
   Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ Садриддинзода Манучеҳр Исломиддин аз санаи 12.06.2024 то 02.07.2024 дар доираи Барномаи ҳамкории техникию иқтисодии Ҳиндустон барои солҳои 2023-2024 (ITEC) дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ширкат варзида, соҳиби шаҳодатномаи байналмилалӣ гардид.
   Дар баробари ин, номбурда дар доираи барномаи мазкур имкониятҳои Донишгоҳро барои шунавандагон аз 29 кишвари дунё муаррифӣ намуд. Ҳамзамон, дар доираи сафари мазкур бо роҳбарияти Донишкадаи илмҳои иҷтимоии Мумбайи Ҳиндустон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷи кишвар мулоқот анҷом дода шуд.
    Ҳамин тавр, дар ояндаи наздик якчанд созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва донишгоҳҳои хориҷи кишвар дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ба имзо хоҳанд расид.
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *