7 январ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илм, профессор Саидзода Раҳим Ҳамро кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъул таъингардидаро байни коллективи бисёрнафараи Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» муаррифӣ намуд.
Зимни муаррифии кадрҳо, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти чашмраси коллективи меҳнатии Донишгоҳ, зери роҳбарии ректори ин муассисаи таълимӣ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ёдрас шуд.
Ҳамзамон, мавсуф дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, коллективи меҳнатии Донишгоҳро ба фаъолияти боз ҳам назаррас ва омодасозии кадрҳои ба талаботи бозори дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ даъват намуд.
Ректори Донишгоҳ, зимни баромади хеш изҳори сипосу миннатдории коллективи меҳнатии ин боргоҳи илму маърифатро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, изҳори боварӣ намуд, ки роҳбарияти Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» ҳамеша ва дар ҳама ҳолат барои амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат тамоми шароиту имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода менамояд.