МУКОЛАМАИ БАЙНИДОНИШГОҲӢ БО ЧИН: ТАБОДУЛИ АКАДЕМИИ ГУРӮҲИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁН

Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иборат аз 10 нафар дар доираи барномаи табодули академӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба Донишгоҳи касбии илмию техникии Завҷуани Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар гардиданд.
Мақсад аз табодулии академии донишҷӯён омӯзиши таҷрибаи пешқадами омодасозии кадрҳои баландихтисос дар муассисаи таълимии болозикр, ҳамзамон баланд бардоштани малакаҳо ва салоҳиятнокии касбии донишҷӯён, омӯзиши забони чинӣ ва усулҳои нави таълим маҳсуб меёбад.
Дар чорчӯбаи барномаи табодули академӣ имкониятҳо ва шароитҳои мусоид фароҳам буда, таҳсил барои донишҷӯён ройгон мебошад. Дар баробари ин, донишҷӯён барои истифодаи маводи таълимӣ дастрасии ройгон пайдо мекунанд.
Бояд иброз намуд, ки табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла, Олмон, Корея, Гурҷистон ва дигар кишварҳо давра ба давра идома ёфта, барои омодасозии онҳо ба барномаҳои табодули академӣ курсҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардидаанд.
🌏 Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Хабарҳо
Бештар