МУКОЛАМА ОИД БА ОЯНДАИ РАҚАМӢ: БОЗДИД АЗ ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИИ ИНДРАПРАСТҲАИ ДЕҲЛӢ

14-уми январи соли 2025, дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон вохӯрии намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Индрапрастҳаи Деҳлӣ профессор Ранҷан Босе баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Индрапрастҳа яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатии пешқадам дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ маҳсуб меёбад.
Зимни вохӯрии ҷонибҳо масъалаҳои мубрами омодасозии муштараки кадрҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, табодули академии донишҷӯён, инчунин ташкили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон дар самтҳои IT – технологияҳо ва зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин ташаббусҳо ба таҳкими ҳамкорӣ ва рушди малакаҳои рақамӣ барои мутахассисони оянда равона гардидаанд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, ҷонибҳо барои амалисозии иқдомоти муштарак омодагии худро изҳор намуданд.
ш. Деҳлӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *