Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ

Қаландазода Гулрӯ Сафар

Тел.: (+992) 900121781
E-mail: qalandarova.g@mail.ru

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Гулрӯ Қаландарзода – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, дотсент.

Аз соли 2008 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият намуда, самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ ба масоили мубрами ташаккул ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи маориф, маблағгузории соҳаи маориф, банақшагирии молиявӣ дар соҳаи маориф ва масоили дигари иқтисоди миллӣ бахшида шудаанд.

Гулрӯ Қаландарзода муаллифи 1 монография, 6 васоит ва дастури таълимию методӣ, инчунин беш аз 60 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар соҳаҳои маориф, соҳибкорӣ, саноат, сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ мебошад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш Қаландарзода Гулрӯ Сафар ба кишварҳои Ӯзбекистон, Британияи Кабир ваТуркия сафарҳоии омӯзишӣ анҷом додааст.

Хизматҳои Қаландарзода Гулрӯ дар соҳаи илму маориф бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2023) ва ифтихорномаҳои вазорату идораҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Дар донишгоҳ Гулрӯ Қаландарзода роҳбарии самтҳои тарбиявӣ ва робита бо ҷомеаро ба уҳда дорад. Вазифаҳои ӯ ба ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои тарбиявӣ, таҳия ва амалӣ намудани стратегияи корҳои тарбиявии донишгоҳ, банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии баргузории чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, аксияҳои мухталиф, кор бо созмонҳои ҷавонон, назорати риояи тартибу интизом ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ, инчунин ҳамкорӣ бо волидайн ва ҷомеа нигаронида шудаанд. Вазифаҳои мазкур ба фароҳамсозии муҳити мусоиди таълимӣ, ки ба рушди ҳамаҷониба ва мутобиқшавии бомуваффақияти донишҷӯён мусоидат менамояд, равона гардидаанд.

Рӯйхати корҳои илмӣ: https://www.elibrary.ru