Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим
Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович
Тел.: (+992) 93 4670839
E-mail: ramir-75@mail.ru
Маълумоти мухтасар
Мирзоҳид Раҳимов – муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Аз соли 1997 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ ба масоили мубрами ташаккули бозори суғурта, низоми андозбандӣ, сайёҳӣ ва дигар масоили иқтисоди миллӣ бахшида шудаанд.
Раҳимов Мирзоҳид муаллифи 1 китоби дарсӣ, 1 монография, 6 васоит ва дастури таълимию методӣ, инчунин беш аз 50 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ дар соҳаҳои суғурта, соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва андозбандӣ мебошад.
Саҳми ӯ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои таҳсилотии байналмилалӣ назаррас буда, дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Федератсияи Россия (2022, 2023, 2024), Қазоқистон (2023) ва Ӯзбекистон (2021, 2022, 2023) такмили касб намудааст.
Барои хизматҳои шоён дар соҳаи илм ва маориф Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2011) ва медали “Хизмати шоиста” (соли 2023) сарфароз гардонида шудааст.
Дар донишгоҳ Мирзоҳид Раҳимов самтҳои ба ташкили раванди таълим, таъминоти дастгирии методӣ ва ташкилии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён, коркард ва мониторинги мутобиқати барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ ба талаботи мақомоти аккредитатсионӣ ва иҷозатномадиҳӣ, назорати раванди таълим ва хизматрасониҳои таҳсилотӣ, омодасозӣ ва гузаронидани аккредитатсияи барномаҳои таҳсилотӣ, инчунин мониторинги мувофиқати стандартҳои аккредитатсионӣ алоқамандро роҳбарӣ менамояд.