МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАРЗИШИ САЙЁҲӢ ДАР ҶАББОР РАСУЛОВ ОҒОЗ ГАРДИД

23 марти соли 2025 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сайёҳӣ дар намуди роҳнавардии масофавӣ оғоз гардид. Дар рӯзи аввали сабқат 35 нафар варзишгар аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар рақобатҳои инфиродӣ иштирок намуданд.
Мусобиқа бо ҳадафи рушди варзиши сайёҳӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баргузор гардида, дар рӯзҳои минбаъда иштирокчиён дар намудҳои дигари мусобиқа нерӯсанҷӣ хоҳанд кард.
Ташкилкунандагони чорабинӣ изҳор доштанд, ки ин сабқат ба баланд бардоштани маҳорати варзишгарон ва оммавигардонии варзиши сайёҳӣ дар минтақа мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Раиси Федератсияи варзиши сайҳии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *