Мутахассиси калон оид ба харид

СУПОРИШИ ТЕХНИКӢ ВА ҲАҶМИ ХИЗМАТРАСОНИҲО

Номи вазифа:Мутахассиси калон оид ба харид
Номи лоиҳа:Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ
Рақами лоиҳа: TJK1048

Пешзамина

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷуброни хароҷоти Лоиҳаи рушди таҳсилот дар соҳаи бизнеси сайёҳӣ аз Бонки Исломии Рушд (БИР) маблағгузорӣ гирифтааст. Арзиши умумии лоиҳа 18,25 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 13,95 млн доллари ИМА ҳиссаи маблағгузории БИР мебошад. Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммаблағгузорӣ мегардад.

Ҳадафи лоиҳа – беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ва баланд бардоштани сифати он дар заминаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ тавассути муосиргардонии инфрасохтори муассисаи мавҷуда ба як муассисаи замонавӣ, фарогир ва устувор дар ноҳияи Дангара, инчунин таҳким бахшидани иқтидори он барои анҷом додани нақши марказ (ҳаб) дар самти таҳсилоти соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ҳамчун пешсад дар таҳсилот доир ба сайёҳии ҳалол, ки таҷрибаи беҳтаринро дар дохили кишвар ва минтақавӣ паҳн мегардонад.

Лоиҳа аз ин унсурҳои зерин иборат мебошад: (A) Дастрасӣ ба таҳсилот дар соҳаи сайёҳӣ ва бизнес; (B) Қобилияти институтсионалии таҳсилот дар соҳаи сайёҳӣ ва бизнес; (C) Дастгирии идоракунии лоиҳа; (D) Аудити молиявӣ; ва (E) унсури вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи ғайричашмдошт.

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (Агенти иҷроия) маркази алоҳидаи доимоамалкунандаи идоракунии лоиҳа (МИЛ) барои таъмини идоракунии самарабахш ва татбиқи лоиҳа дар доираи ҳаҷм ва муҳлати тасдиқшуда таъсис дода шудааст.

Агентии иҷроия ҷиҳати интихоби Мутахассиси калон оид ба хариди Маркази идораи лоиҳа (МИЛ), ки таҳти роҳбарии бевоситаи Ҳамоҳангсози лоиҳа фаъолият менамояд, озмун эълон менамояд.

Уҳдадориҳо ва ҳаҷми кор

Супоришҳо/вазифаҳои мушаххаси Мутахассиси калон оид ба харид инҳоро дар бар мегиранд:

  • Банақшагирии ҳамаи чорабиниҳои харид ва бознигарӣ/навсозии мунтазами нақшаи хариди лоиҳа дар ҳамкории зич бо Агентии иҷроия ва Бонки исломии рушд;
  • Омода намудани ҳуҷҷатҳои харидории молҳо, корҳои сохтмонӣ ва хизматрасониҳо мутобиқи нақшаи хариди тасдиқшуда: эълонҳои харид, ҳуҷҷатҳои тендерӣ, ҳисоботҳо оид ба арзёбии пешниҳодҳо, лоиҳаҳои шартномаҳои мувофиқашуда бо таъминотчиён/пудратчиён/мушовиро ва барасмиятдарории имзои нусхаи ниҳоии шартномаҳо, ки аз ҷониби Бонки исломии рушд (БИР) тасдиқ гардидаанд.
  • Ташкили ҷойгиркунии эълонҳо оид ба имкониятҳои тендерӣ ва мусоидат ба даъвати пешниҳодҳо дар воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва сомонаҳои интернетӣ;
  • Омода намудани огоҳномаҳо дар бораи тасдиқи шартномаҳо мутобиқи талаботи Бонки исломии рушд (БИР) ва қонунгузории миллӣ;
  • Таъмини риояи расмиёти дурусти идоракунии харид тавассути бақайдгирӣ ва баррасии шикоятҳое, ки ба раванди харид алоқаманд мебошанд;
  • Таъмини ҷой надоштани бархӯрди манфиатҳо дар миёни аъзои комиссияи арзёбӣ ва кормандони Агентии иҷроия, ки дар раванди харид иштирок менамоянд;
  • Ҳамоҳангсозии ҷаласаҳо оид ба баррасии пешниҳодҳо, омода намудани протоколҳои кушодани пешниҳодҳо ва ҷамъоварии имзои аъзои комиссияи арзёбӣ дар асоси шакли стандартии арзёбии Бонки исломии рушд (БИР).
  • Омода намудани ҳуҷҷатҳои харид, ҳисоботҳо оид ба арзёбӣ, шартномаҳо ва мукотибаи вобаста ба равандҳои харид;
  • Дастгирии Гурӯҳи идоракунии лоиҳа / Агентии иҷроия ҳангоми баррасии ҳама гуна ҳолатҳои шикоят ё қонуншиканиҳо дар ҷараёни расмиёти тендерӣ;
  • Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони воҳидҳои дахлдори Агентии иҷромя анҷом додани мониторинг ва идоракунии раванди иҷрои шартномаҳои имзошуда, инчунин санҷиши ҳуҷҷатҳои пардохтӣ тибқи шартномаҳои таъминоти молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо;
  • Мусоидат ба Агентии иҷроия дар қабули молҳо, расмиёти гумрукӣ ва таъмини интиқоли бехатар ба нуқтаҳои ниҳоии таъинот;
  • Машварат додан ба Гурӯҳи идоракунии лоиҳа ва Агентии иҷроия дар ҳолатҳои риоя нагардидани шартҳои шартномаҳо/созишномаҳо аз ҷониби таъминотчиён, пудратчиён ё мушовирон.
  • Пешбурди низоми мувофиқи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои харид (ҳам дар шакли қоғазӣ ва ҳам электронӣ);
  • Мусоидат ба Бонки исломии рушд дар гузаронидани санҷишҳои баъдӣ (ex-post) оид ба харидҳое, ки ба баррасии пешакӣ пешниҳод намегарданд;
  • Таҳия ва дар ҳолати зарурат навсозӣ намудани бахши харид дар Дастурамали татбиқи лоиҳа;
  • Омӯзонидани аъзои комиссияҳои арзёбӣ оид ба қоидаҳо ва расмиёти хариди Бонки исломии рушд;
  • Баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандони Гурӯҳи идоракунии лоиҳа ва Агентии иҷроия дар соҳаи фаъолияти харид тавассути омӯзиш дар ҷойи кор ва муайян намудани эҳтиёҷоти мушаххаси рушди иқтидор, ки бо дастгирии муштараки Бонки исломии рушд амалӣ мегарданд.

Малака, таҷриба ва тахассуси асосӣ

  • Таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи бизнес-маъмуриятчигӣ, ҳуқуқ, иқтисод ё дигар ихтисосҳои ҳаммонанд (сохтмон, менеҷменти саноатӣ, молия);
  • На камтар аз 5 соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо мутобиқи расмиёт ва талаботи ташкилотҳои байналмилалии рушд;
  • Таҷрибаи қаблии омӯзиш/тренингҳо оид ба расмиёти байналмилалии харид, аз ҷумла хариди молҳо ва корҳо, инчунин интихоби мушовирон; донистани Низомномаи хариди Бонки исломии рушд бартарӣ ҳисобида мешавад;
  • Донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хариди давлатӣ;
  • Таҷрибаи кор бо компютер ва бастаҳои барномавии офис (MS Word, Excel ва ғайра), инчунин дониши пешрафта дар истифодаи ҷадвалҳои электронӣ ва пойгоҳҳои додаҳо;
  • Таҷрибаи истифодаи абзори онлайнии Бонки исломии рушд барои банақшагирӣ ва пайгирии харид;
  • Ба таври озод ва комил донистани забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва/ё русӣ.

Шартҳои шартнома

  • Давомнокии шартнома – 12 (дувоздаҳ) моҳ бо муҳлати санҷишии 3-моҳа аз рӯзи ба имзо расидани шартнома; шартнома ҳар сол дар асоси арзёбии солонаи натиҷаҳои фаъолият ва эҳтиёҷоти лоиҳа тамдид карда мешавад;
  • Мутахассиси калони харид дар асоси шакли пурраи шуғл (соатҳои кории идора) фаъолият менамояд;
  • Музди меҳнат ҳар моҳ тибқи ҷадвали музди меҳнат, ки байни Бонки исломии рушд (ИБР), Агентии иҷроия ва Вазорати молия мувофиқа шудааст (мутобиқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) пардохт мегардад;
  • Вазифа сафарҳои хизматӣ ба объектҳои лоиҳа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта метавонад. Хароҷоти вобаста ба сафар (шабонарӯзӣ, будубош ва ғайра) тибқи тартиботи муқарраргардида ҷуброн карда мешаванд;
  • Мутахассиси калони харид дар фаъолияти ҳаррӯзаи лоиҳавӣ ба Ҳамоҳангсози Гурӯҳи идоракунии лоиҳа итоат менамояд;
  • Ҷойи кор – шаҳри Душанбе.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Маълумотнома (CV);
  • Дипломҳо оид ба таҳсилоти олии касбӣ бо тарҷума ба забони англисӣ;
  • Дафтарчаи меҳнатӣ