НАВРӮЗИ ДӮСТИВУ БАРОДАРӢ

Иштироки намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Наврӯзи Хуҷанд
31 марти соли 2025 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар тантанаи бошукӯҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур бо рӯҳияи ҳамдилӣ ва эҳтироми анъанаҳои миллӣ сурат гирифта, намоиши фарҳангӣ, барномаҳои мусиқиву рақсии мардумӣ ва муаррифии суннатҳои наврӯзӣ фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуд.
Қобили қайд аст, ки ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар фазои дӯстиву бародарӣ таҷлил гардида, бори дигар аҳамияти ин ҷашни бостониро ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамгироии мардумон таъкид намуд.
Зиндаву поянда бод дӯстии халқҳои тоҷик, қирғиз ва ӯзбек! Ҳамеша фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобил миёни мардумони мо пойдор бошад!
ш. Хуҷанд, 31.03.2025

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *