13 марти соли 2025 дар Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбеи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ҳамроҳ бо Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии назди Донишгоҳ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Зоирзода Исломбек Сангмаҳмад иштирок намуда, бо суханони табрикотии раёсати донишгоҳ аҳли нишастро ба муносибати фарорасии Наврӯзи Аҷам шодбош гуфт.
Зоирзода Исломбек дар суханронии худ таъкид намуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни бедории табиат, балки рукни муҳими худшиносиву худогоҳии миллист, ки аҳамияти бузурги фарҳангӣ ва маънавӣ дорад. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар замони рушди ҷаҳонишавӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муаррифии дурусти фарҳанги бостонии тоҷикон тавассути сайёҳию хизматрасонӣ хеле муҳим мебошад.
Сипас, директори Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбеи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Эмомов Доробшоҳ ва директори Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии назди Донишгоҳ Ширинзода Наҷмуддин Асомадин бо сухани табрикотӣ ҳозирини чорабиниро бо Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфтанд.
Барномаи ҷашнӣ бо баромадҳои фарҳангӣ, рақсу сурудҳои миллӣ ва анъанаҳои хоси наврӯзӣ идома ёфт. Масъулин бо пешниҳоди дастархони наврӯзӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дигар суннатҳои Наврӯзӣ, рангу таровати хос ба чорабинӣ бахшиданд.