Маълумоти умумӣ дар бораи кафедраи назарияи иқтисодӣ

Кафедраи назарияи иқтисодии Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДБССТ аз рӯзҳои аввали фаъолияти донишгоҳ, соли 1992 таъсис дода шудааст.

Кафедраи назарияи иқтисодӣ яке аз кафедраҳои пешбари донишгоҳ дар самти таъмини раванди дурусти таълиму тарбия саҳми фаъол дошта, дар ҳамешагӣ бобати ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан талош меварзад. Фаъолияти таълимӣ – методӣ, илмӣ – таҳқиқотӣ ва сиёсӣ-тарбиявии худро дар асоси Оинномаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Оинномаи Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ ва нақшаи кории кафедра ба роҳ монд.

Кафедраи назарияи иқтисодӣ дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори мушовараи Вазорати маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Кафедра бо стандартҳои меъёрию ҳуқуқии макотиби олии равияи иқтисодии талаботи байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ буда, дар ҳамин замина фаъолияти худро аз рӯйи нақшаҳои таълимӣ-тарбиявӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ ба роҳ мондааст.

Шумораи кормандон дар кафедра

Дар кафедра 13 нафар омӯзгорони доимӣ фаъолият менамоянд, аз он ҷумла доктори илм 2 – нафар, номзади илм (дотсентон) – 8 нафар, муаллими калон – 1 ва ассистент – 2.

Фанҳои асосии тадрисшавандаи кафедра

Кафедраи назарияи иқтисодӣ умумидонишгоҳи буда, дар доираи фаъолияти худ аз рӯйи фанҳои тадрисшаванда раванди таълим ба роҳ монда мешавад:

  • назарияи иқтисодӣ (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
  • микроиқтисод (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
  • макроиқтисод (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
  • бехатарии иқтисодӣ (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
  • иқтисодиёти рушди устувор (танҳо бо забони тоҷикӣ)