Қабои, ҷашни Меҳргон бар замини мо муборак бод!
Нишони файзу эҳсон бар ҷабини мо муборак бод!
Муборак ҳар дақиқа , рўзу ҳафта моҳу солу аср,
Нишоту шодӣ ёрон бар камини мо муборак бод!
Ба ин рўзи фаррухрўзу накуву файзбахши сол,
Муборакбод мегўям, зи мағзи ҷон, муборак бод!
Меҳргон дар баробари Наврўз, Тиргон, ва Сада аз бузургтарин, қадимтарин ва бошукўҳтарин ҷашнҳои миллии мо буда, баъди сипарӣ кардани ҳазорсолаҳо роҳ бо шукўҳу шаҳомати хоса то ба имрўз омада расидааст. Маънии вожаи меҳргон «меҳр» — муҳаббат, самимият, дўстию рафоқат, шодию нишот, ваҳдату ягонагӣ, мушфиқ буданро дошта, ба маънии фуруғ, равшанӣ, офтоб, нур ва таҷаллӣ низ истифода мешавад. Меҳр дар забони санскрит дар шакли митра [mitra], дар «Авесто» митҳра [mithra], дар паҳлавӣ [mitr] буда, пайвандгари рўшноӣ ва нури азалӣ мебошад. Ин ҷашни муборак таъриху тамаддуни гузаштаи халқи моро бо имрўз пайванди ногусастанӣ бахшидааст. Оид ба ба ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои хаттии пешина ва осори адибони гузашта маълумоти фаровон омадааст, ки ҳар кадом бо диду андешаи худ аз сифатҳои ин ҷашну оини куҳан хабар додаанд ва онро беҳтарин маросими мардумӣ муаррифӣ намудаанд.
Аз ҷумла қайд шудааст, ки Наврўз ба номи Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун вобаста аст. Дар ин бора дар сарчашмаҳо зиёд ишорат шудааст. Дар фарҳанги дини Маздясно ва «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ омадааст, ки баъд аз Ҷамшед салтанатро Беваросп – Заҳҳоки морон ба даст гирифт, ки дар он замон мардум ба ситам ва азобу азият гирифтор буданд. Хушбахтона, аз насли Ҷамшед абармарде бо номи Фаридун, яъне фарзанди Обтин ва Фаронак, абераи Ҷамшед пайдо шуду Заҳҳокро бо ёрии Коваи Оҳангар дасту по баста, аз сари ҳукумат дур сохт, ки ин дар моҳи меҳр рух дода буд. Мардум аз ин воқеаи нек, аз ин озодӣ ба ваҷд омада, ҷашни бузург баргузор намуданд. Номи ин ҷашнро Меҳргон гузоштанд, ки худи Фирдавсӣ дар ин бора гуфтааст:
Дил аз бовариҳо бипардохтанд,
Ба оини Кай ҷашни нав сохтанд.
Ва Фаридунро шоҳи хеш хондаанд.
Аз ин ҷост, ки бисёре аз шоҳаншоҳони бузурги бостон, баъзе аз Анушервони Сосонӣ дар ин рўз тоҷ ва кўлоҳи подшоҳиро ба сар мегузоштанд ва ба Эзади меҳр қасам мехурданд, ки то пойи марг аз халқу ватани худ пуштибонӣ мекунанд. Дар Меҳргон шоҳони ориёӣ либоси махсуси гаронбаҳо ба бар менамуданд ва тоҷи махсусеро, ки нақши хуршед дошт, ба сар мегузоштанд
Бояд гуфт, ки дар ин рўз Фаридун, Анушервони Одил, Ҳурмузди Сосонӣ, Шопури дуввум, Баҳроми Гур, Исмоили Сомонӣ ва боиси хушбахтии насли имрўзаи миллати тоҷик аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои фархундапайи миллат, Қаҳрамони ҳақиқии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзи ромрўз-меҳргони бузург, яъне 11-уми октябр тоҷи подшоҳиро ба сар гузоштанд. Тибқи гуфтаи А.Берунӣ, ҷашни Меҳргон 16 меҳр (баробари 7-8 октябр) ва «Меҳргони бузург» – ромрўз 21 меҳр (баробари 11-12 октябр) будааст. Албатта, ин таърих мувофиқи тақвими расмӣ ва мардумии замони Берунӣ аст. Нахустин рўзи меҳргонро меҳргони мардумон мегуфтанд. Берунӣ бар он ишорат кардааст: Худованд ёқутро дар Наврўз ва забарҷадро дар Меҳргон барои зинату ороиши бандагонаш падид овардааст. Ин монандиҳои ҳаётан воқеӣ аз таҷрибаи бузурги рўзгордории хонаводаҳои мардуми ориётаборон, аз ҷумла тоҷикон шаҳодат дода, бори дигар қадимӣ будани ин ҷашнҳо ва аз замонҳои пешин фарҳангпарвар будани ниёгони моро тасдиқ менамоянд.
Ана, ҳамин тариқ, дар ҳама давру замон иди «Меҳргон» ҳамчун баробаршавии шабу рўзи тирамоҳӣ ки ҳулули офтоб ба бурҷи мизон мерасад ва ҳамчун оғози зимистон ҷашн гирифта мешуд.
Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» овардааст: Рўзи аввали он Ҳурмуздрўз аст ва меҳр дар ин рўз барои ақди олам пайдо гаштааст. Дар ҷойи дигар зикр кардааст, ки ҳангоми таҷлили ин ҷашн вақти тулуи офтоб марди диловаре бо садои баланд фарёд мезад:
Эй фариштагон! Ба дунёи поин оед. Деву ҷин ва шаётину шарҳоро дасту по баста аз олам дафъ намоед.
Ҳамчунин ривоят мекунанд, ки рўзе Искандари Мақдунӣ аз устодаш Арасту мепурсад:
-Оё ҷашну маросимҳои мардуми ориёӣ ба шумо писанд аст?
– Арасту мегўяд: – Оре, ҷашну маросимҳои мардуми ориёӣ, ки таъриху тамаддун ва ҳаёти ҷовидонаи онҳоро дар бар мегирад ба ман писанд аст, аммо дар байни онҳо ҷашни Меҳргон пурфайзу баракат, диққатҷалбкунанда ва пуршукўҳ буда, табиат бо тамоми ҷузъҳояш ранги арғувонӣ ба бар менамояд, ки дар ҳаёти инсон табиати дигарро касб менамояд. Ҷилои арғувонии фарш дар вақти гузаронидани ҷашни Меҳргон ба ба арш мерасад ва газандаю хазандагон низ дар ин вақт несту нобуд мегарданд. Дар ҷашни Наврўз бошад пайдо мешаванд.
Дар давлатдории Сосониҳо ҳангоми гузаронидани ҷашни «Меҳргон» саҳни Қасри Садсутунро садҳазор аспи сурхқабо бо тамоми нақшу нигораҳо ва ҷавоҳироти забарҷади сурхранг оро медод.
Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо, ки дорои фарҳангу тамаддуни олидараҷа доштанд, дар ин рўзи пурфайз дастурхони меҳргониро бо ҷилои арғувонии сурх ороста, гирди онро бо 7- хўрок мурғи меҳргонӣ, моҳӣ, маска, мавиз, мурч, муруд, ва май зиннат медоданд. Дар баробари ин, дар дастурхон ба гуфти шоир Тавъии Бухороӣ аз шаробу зи кабобу зи газак, аз қанду наботу шакару ширу қаймоқу асалу себу анору биҳию олуву шафтолуву зардолуву харбузаву тарбузаву аз маска фатирмаскеаву ҳар мағзаку чормағзаку ҳар навъ хўрокаҳои болаззат мегузоштанд. Дар ин рўз аз 7-намуди донагӣ аз ҷумла аз гандум, ҷав, арзан, наск, нахуд, ҷуворӣ, лубиё ва биринҷ нонҳои гуногун мепухтанд.
Дар давраи Ҳурмузди Сосонӣ, Меҳргон ба монанди Наврўз 6-рўз ҷашн гирифта мешуд. Рўзи 1-меҳргони омма, 2- меҳргони шоҳзодагон, 3-меҳргони мўбадон, 4- меҳргони бозаргонон, 5- меҳргони сипоҳиён, 6- меҳргони деҳқонону косибон (хоса) буд, ки мардум сару либоси идонаи арғувонӣ мепўшиданд, гуноҳҳои ҳамдигарро мебахшиданд ва бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд».
Хусраво шабҳои умрат рўз бод,
Меҳргони мулки ту Наврўз бод.
“Наврўзнома”-и Умари Хайём аз он шаҳодат медиҳад, ки Меҳргонро аҷдодони мо хеле ботантана ҷашн мегирифтанд. 5-рўзи аввалро мардум дар талу теппаҳо ва рўзи 6-умро дар дарбори шоҳон бо рақс ва сурудҳои Борбади Марвазӣ мегузарониданд.
Агар дар ин рўз кўдак ба дунё меомад ба ў Меҳрдод, Меҳрнўш, Меҳрбон, Меҳррўз, Меҳроб, Меҳррон ва ғ номгузорӣ мекарданд.
Мардуми мо аз қадим ба арзишҳои фарҳангию оинҳои хеш эътимод дошт ва ҳар як унсури устуравию суннатҳои мардумиашро дар ҳофизаи фарҳангии худ ҳифз намуда, бо асолатҳои инсондўстонааш то пайдо шудани осори навишторӣ нигоҳ намуда будааст, ки Наврўзу Меҳргон аз ҷумлаи онҳост.
Шоҳони Ориёӣ барои баргузор намудани ҷашнҳои Наврўз ва Меҳргон кохи махсус доштанд. Дар ин ҷашнҳо навозандагон оҳангҳои дилнишин менавохтанд ва хонандагон сурудҳои дилнавоз месароиданд. Ба шоҳ ҳадяҳо месупурданд, ки ин баъдан дар даврони Сосониён низ идома дошт.
Имрўзҳо низ бо шарофати истиқлолияти давлатӣ, пойдевори сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ, ва азму талошҳои ватанпарастонаи халқи тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллию фарҳангӣ аз нав эҳё гашт.
Хушбахтона, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 05.08.2009 №538 ин иди бостонӣ ҳар сол рўзи 8-уми октябр ҷашн гирифта мешавад.
Назаров Холназар – Мудири кафедраи забон ва фарҳанги ДБССТ