Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB Berlin – 2025 бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, муҳтарам Имомудин Сатторов, мулоқот анҷом доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла, аснои мулоқот масъалаҳои мубрам вобаста ба амалисозии «Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Қобили қайд аст, ки иштироки намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ITB Berlin – 2025 ва мулоқот бо намояндагони дипломатии кишвар барои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва рушди соҳаи маориф ва сайёҳӣ аҳамияти калон дорад.