НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

   26 июни соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти раёсати ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаи васеи Шурои олимон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Донишгоҳ ва сохторҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд баргузор гардид.
Дар баробари аъзои шуро, инчунин директорони институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, институтҳои таълимӣ, директорони марказҳо, Парки технологӣ ва IT-Парк, филиалҳо, коллеҷҳо, литсейҳо, сардорони раёсату шуъбаҳо, бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва кормандони бахши хоҷагидорию иқтисодӣ иштирок намуданд.
  Ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни баромади хеш қайд намуданд, ки боиси хушнудӣ ва ифтихори кулли омӯзгорону кормандони донишгоҳ аст, ки санаи 24 майи соли 2024 Пешвои муаззами миллат ба бунёди маҷмааи биноҳои нави таълимии Филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Санги асос гузоштанд. Ташрифи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба филиали донишгоҳ ва ҳидоятҳояшон вобаста ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ масъулияти моро дар тамоми самтҳои фаъолият боз ҳам бештар мегардонад. Дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар ин самт моро водор месозанд, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо дар шашмоҳаи дуюми соли 2024 ва солҳои минбаъда корҳоро дар тамоми самтҳо ҷоннок намоем ва боз ҳам фаъолияти пурсамартар дошта бошем.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Мулоқот бо аҳли илму маорифи мамлакат таъкид доштанд, ки “Бо мақсади густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор, “иқтисоди сабз” ва сайёҳиву соҳибкорӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии “Иқтисоди сабз” ва “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” таъсис дода шуданд. Сохторҳои зикршуда вазифадоранд, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, дар доираи маркази татбиқи лоиҳа, ки дар назди донишгоҳ амал мекунад, оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, нашри мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зиёд карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун “кишвари сабз” бештар ва ҳадафмандона муаррифӣ намоянд”.
   Ректори Донишгоҳ иброз намуданд, ки дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, моро зарур аст, ки бо даъвати мутахассисону олимони варзида ба фаъолияти Институтҳои илмӣ ҷиҳати тақвияти минбаъдаи корҳои илмию тадқиқотии соҳаҳои сайёҳиву соҳибкорӣ ва “иқтисоди сабз”, инчунин бо нашри мақолаҳо дар нашрияҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷиҳати муаррифии кишвар дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун “кишвари сабз” ва дорои иқтидорҳои пурғановати сайёҳӣ тадбирҳои амалӣ андешем. Ҳамзамон, дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва барномаҳои грантӣ, амалисозии мавзуъҳои фармоишӣ, татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот ва тиҷоратикунонии онҳо фаъолиятро таҳким бахшем.
   Зикр карда шуд, ки тибқи бандҳои 9-10 Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва иштирок дар семинар-машварат бо кишоварзони ҷумҳурӣ, 24-25 майи соли 2024 баён доштанд, масъалаи ба сохтори Донишгоҳ гузаронидани муассисаҳои таълимии “Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе” ва ташкили курсҳои омӯзиши ҳунари дӯзандагӣ барои 200 нафар шаҳрвандон, инчунин “Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе” ва ташкили курсҳои омӯзиши сайёҳӣ ва хизматрасонӣ барои 200 нафар шаҳрвандон дастур дода шудааст. Дар робита ба ин моро зарур аст, ки дар самти барасмият даровардани ҳуҷҷатгузории ба тобеияти донишгоҳ гузаронидани муассисаҳои болозикр, бо таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонидан ва дар сатҳи баланд ташкил намудани курсҳои зикршуда, инчунин ба сатҳу сифати нав баровардани таҳсилоти тахассусӣ дар самтҳои болозикр тадбирҳои амалӣ андешем.
   Ҳамзамон боиси сарафрозист, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №199 аз 30 марти соли 2024 Оиннома ва сохтори нави идоракунии Донишгоҳ тасдиқ гардида, тибқи он дар сохтори таркибии он 2 институти илмию таҳқиқотӣ, 3 институти таълимӣ, 10 Марказ ва дигар воҳидҳои сохтории вобаста ба меъёрҳои ҷаҳонии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шудааст.
   Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо истифода аз рӯнамо дар асоси маълумотҳои оморӣ ҳама самтҳои фаъолияти донишгоҳ, аз қабили таълим, менеҷменти сифат, илм, робитаҳои байналмилалӣ, тарбия ва хоҷагидориро дар шашмоҳаи аввали соли 2024 мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод.
   Дар музокираи масъала профессорони донишгоҳ Ҷононов С., Иброҳимзода И.Р., Умаров Ҳ.У. ва дотсентон Каримов Б.Ҳ. ва Назаров Х. баромад намуданд.
   Дар охир, ҷаласаи Шурои олимони донишгоҳ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳо дар самтҳои таълим, менеҷменти сифат, илм, робитаҳои байналмилалӣ, тарбия ва хоҷагидорӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *