НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ 3-МОҲАИ ДОНИШГОҲ ЗИМНИ ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШУРОИ ОЛИМОН

    13 апрели соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти раёсати ректори Донишгоҳ д.и.и., профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаи васеи Шурои олимон баргузор гардид, ки дар ҷаласаи мазкур фаъолияти сохторҳои Донишгоҳ дар 3-моҳаи аввали соли 2024 мавриди баррасии амиқ қарор дода шуд.
    Дар баробари иштироки роҳбарони сохторҳои таркибии Донишгоҳ, инчунин ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ аз Филиалу коллеҷҳо ва литсейҳои Донишгоҳ дар вилоятҳои Хатлону Суғд иштирок карданд.
   Ректори Донишгоҳ, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор тибқи рӯзномаи ҷаласа фаъолияти таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, иқтисодӣ-хоҷагидорӣ ва умуман рушди стратегии Донишгоҳ ва Филиалу Коллеҷҳо ва Литсейҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғдро дар 3-моҳаи аввали соли 2024 мавриди таҳлил, баррасӣ ва муҳокима қарор дода, барои боз ҳам ба дасотвардҳои назаррас ноил гардидан дар давраҳои минбаъдаи фаъолият ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
    Қайд карда шуд, ки семоҳаи аввали соли 2024 омӯзгорону кормандони Донишгоҳ ҷиҳати саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, бобати дар сатҳи баланд иҷро намудани онҳо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуданд.
    Қобили қайд аст, ки дар ҷаласаи мазкур аз фаъолияти ҳар як корманди Донишгоҳ натиҷагирӣ карда шуда, баҳри фаъолияти бонизом ва самарабахш, саҳмгузорӣ дар татбиқи амалии ташаббусҳои Роҳбарияти олии мамлакат, иҷрои босифати уҳдадориҳои хизматӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кунонидани фаъолият ва омодасозии мутахассисон вобаста ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ва амсоли инҳо дастуру тавсияҳои манфиатбор дада шуд.
    Ректори донишгоҳ, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор фаъолияти бархе аз омӯзгорони Донишгоҳро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, дастовардҳои донишҷӯён, махсусан дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар ин семоҳаро аз самараи фаъолияти бонизоми омӯзгорони мазкур унвон намуд. Вобаста ба ин, пешниҳод карда шуд, ки ин гуна омӯзгорон бо кӯмакпулии яквақтаина қадрдонӣ карда шаванд.
    Ҳамзамон, Ректори Донишгоҳ ба масъулини самти илм ва инноватсия бобати дар сатҳи баланд омода намудани иштирокчиёни Озмунҳои ҷумҳуриявии эълонгардида, инчунин таъмини иштироки муҳаққиқону донишҷӯён дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
     Дар охири ҷаласа вобаста ба масъалаи матраҳшуда қарорҳои дахлдор қабул гардид, ки вазифаҳо барои давраҳои минбаъда муайяну мушаххас шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *