НАТИҶАГИРӢ ВА ҚАДРШИНОСИИ ХОНАНДАГОН ВОБАСТА БА ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2024-2025 ДАР ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ

11 январи соли равон дар Литсейи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли таҳсили 2024-2025 чорабинии маърифатӣ баргузор гардид, ки зимни он хонандагони фаъол ва иштирокчиёни озмунҳо ва олимпиадаҳо, инчунин омӯзгорон қадрдонӣ гардиданд. Дар чорабинии мазкур муовини аввали ректори донишгоҳ Раҳимов М.А. ва муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Зоирзода И.С. иштирок намуданд.
Директори Литсейи назди Донишгоҳ Мадатзода М. бо сухани ифтитоҳӣ ҳузури меҳмононро ба чорабинӣ шодбош гуфта, вобаста ба ҳадафи баргузории он ибрози андеша намуд.
Муовини аввали ректори донишгоҳ, дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович дар суханронии худ аз натиҷаҳои назарраси фаъолияти Литсей дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2024-2025 ёдовар шуда, дастовардҳои ин марҳиларо натиҷаи заҳмати аҳлонаи коллективи меҳнатии Литсейи назди донишгоҳ номид. Мавсуф, дастовардҳо ва пешрафти литсейро таҳлил намуда, аҳамияти ҳамкории зичи литсей бо донишгоҳро таъкид кард. Ҳамзамон, муовини ректор хонандагонро барои саъю кӯшиши беандоза ва муваффақиятҳои намоён таҳсин гуфт.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Зоирзода И.С. низ зимни баромади хеш ба дастовардҳои илмӣ ва эҷодии хонандагон таваҷҷуҳ намуда, ташаббусҳо ва иқдомҳои нави литсейро дар самти илм ва инноватсия таъкид кард. Ӯ инчунин хонандагонро барои иштироки фаъол дар озмунҳои илмӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ даъват намуд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ Дипломҳо, Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳо ба соҳибонашон тақдим гардиданд.
Дар охири чорабинӣ, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ (муовини аввал) бо хонандагон ва омӯзгорон суҳбати озод доир намуда, маслиҳатҳо ва тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *