НАҚШИ МУТАХАССИСОНИ СОҲИБКАСБИ МИЛЛӢ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

(Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
Дар давараи муосири муносибатҳои иқтисодӣ, ки ҷараёни воридшавии дастовардҳои иноватсионӣ ба тамоми бахшҳои иқтисодиёт ба чашм мерасад, татбиқу амалисозии он аз мутахассисони соҳибкасби миллӣ вобаста аст.
Дар Пайёми навбати хеш Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омоданамоии мутахассисон таваҷўҳи хоса зоҳир намуда, баён карданд, ки раванди тайёр намудани мутахассисон бояд ҳамқадами замон бошад. Имрўз вобаста ба пешрафти технологӣ таносуби вазъи иҷтимоии аҳолии кишварҳои пешрафта нисбати кишварҳои ҷаҳони сеюм ниҳоят бузург гаштааст. Дар ин кор пеш аз ҳама раванди тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ ва аз илми замонавӣ бархурдор, муҳим аст.
Ҳамзамон, дар Пайём зикр гардид, ки дар давраи соли 2024 шумораи умумии сайёҳони хориҷии ба Тоҷикистон воридшуда ба 1 миллиону 400 ҳазор нафар бароба гардидааст, ки ин аз дурусти ташкили он вобаста аст. Ногуфта намонад, ки дар таркиби иқтисоди миллии кишвар мавқеи сайёҳӣ хеле бузург аст. Аз ин хотир, омодасозии мутахассисони соҳибкасби миллӣ дар ин самт, яке аз масъалаҳои муҳимтарин мебошад, ки дар Пайёми Пешвои муаззами миллат барорасӣ гардид.
Чӣ тавре, ки қайд гардид, омода намудани мутахассисони ба талаботи муосири бозори ҷаҳонӣ ҷавобгў, вазифаи аввалиндараҷа ба шумор рафта, дар пешрафти соҳа, мутахассисон нақши калидиро иҷро менамоянд.
Қобили қайд аст, ки ҷараёни омода намудани мутахассисони бахши сайёҳӣ бо ду роҳ сурат мегирад, яъне анъанавӣ ва ба таври муосир. Бо роҳи анъанавӣ ин усулҳое мебошанд, ки мутахассисон дар ҷои таълимӣ ва ҷои таҷрибаомўзӣ омода карда мешаванд. Роҳи муосир бошад, усулҳои омода намудани мутахассисонро дар раванди фаъолияти онҳо (омўзишу таҳлили истеъдоди кории онҳо, санҷиши малакаи кордонӣ, муносибатҳои равонии ҷамъиятии онҳо ва ѓ.) дар бар мегирад.
Аз ин рў, бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби миллӣ ва бо талаботи бозор ҷавобгў зарур аст, то ҳарду роҳ омезиш дода шавад, то мутахассиси воқеӣ омода гарданд.
Қобили қайд аст, ки сифатнокии хизматрасонии пешниҳодшаванда ва қаноатмандии сайёҳон аз мутахассисон вобаста аст.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беш аз 14 муассисаҳои таълимӣ бо шумораи умумии беш аз 2,5 ҳазор нафар ва дар колеҷҳо зиёда аз 650 нафар аз руи 16 ихтисос мутахассисони соҳаи сайёҳӣ омода карда мешаванд. Зикр намудан ҷоиз аст, ки дар таъмини бозори сайёҳии кишвар бо мутахассисони рақобатпазири касбӣ нақши Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикисон хеле бузург аст ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати роҳбарияти донишгоҳҳои мазкур маҳз ба масъалаи мазкур равона гардидааст, ки ин аз пайгирии сиёсати давлатии омоданамоии мутахассисони соҳибкасби миллӣ бармеояд.
Ҳамин тавр, бояд арз намуд, ки соҳаи сайёҳӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз соҳаҳои асосии иқтисоди миллӣ ба шумор меравад ва дар раванди пешбурди соҳа омода намудани мутахассисони соҳибкасби миллӣ боиси ҳалли як қатор мушкилиҳо мегардад.
Каримзода Ш., Носиров С. – ассистентони кафедраи бизнеси сайёҳӣ ва меҳмондории ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *