(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ)
Дар замони имрӯза технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ нақши муҳим ва муассирро дар фароҳамсозии имкониятҳои нав барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебозанд. Технологияҳои рақамӣ, аз қабили интернети чизҳо, таҳлили маълумот, блокчейн ва платформаҳои абрӣ, имконият медиҳанд, ки дар равандҳои истеҳсолот, тиҷорат, таҳсилот, тиб ва дигар соҳаҳо тағйироти назаррас ба амал ояд. Зеҳни сунъӣ, ки аз алгоритмҳои пешрафта ва қароргирии автономӣ барои ҳалли мушкилот истифода мебарад, қобилияти омӯзиш ва самаранокии амалиётро дар ҳар як бахш беш аз ҳар вақт беҳтар мекунад.
Бо дарназардошти рушди бемайлони илму техника ва технология, кишварҳои ҷаҳон барои амалигардонии низоми рақамии фаъолияти соҳаҳои гуногун талош варзида, ҷиҳати осон намудани кор ва сарфаи вақт, инчунин самаранок кардани фаъолияти соҳаҳо, баланд бардоштани самаранокии меҳнат аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ васеъ истифода намуда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар замони имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва зарурӣ барои соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, алалхсус соҳаҳои воқеии иқтисодиёт мубадал гардидааст, ки он метавонад ба самаранокии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат намояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зикр намуданд, ки: “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Воқеан, рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва роҳандозии васеи зеҳни сунъӣ ба пешрафти маҷмӯии мамлакат, аз ҷумла идоракунии самаранок, хизматрасониҳои электронӣ, содироти бештари молу хизматрасонӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, густариши фаъолияти фосилавӣ ва таҳсили фосилавӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва зеҳни сунъӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт Ҳукумати кишвар як қатор корҳои муҳимро амалӣ намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои марбута дастур доданд, ки: “… дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад.
Ҳамзамон, омода намудани кадрҳои соҳибтахассус ва ҳайати идоракунанда барои пешбурди лоиҳаҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин таъсиси низоми тайёр кардани мутахассисони дорои донишҳои муосири соҳавӣ дар донишгоҳҳо, корхонаҳо ва дар маҷмӯъ барои рушди малакаи рақамӣ байни аҳолӣ, беҳтар намудани сифати барномаҳои таълимӣ ва таъмини пурраи омӯзгорони соҳибтахассуси соҳаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот зарур аст.
Дар самти амалисозии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои муқаррароти Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом додааст, ки ин метавонад ба рушди ин бахши ҳаётан муҳим замина гузорад. Бояд ҳаминро ёдовар шуд, ки дар сохтори ташкили идоракунии Донишгоҳ кафедра бо номи “Барномасозӣ ва низомҳои зеҳнӣ” таъсис дода шудааст. Инчунин, иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти Донишгоҳ ихтисосҳои 1-400103 (Зеҳни сунъӣ), 1-40030101 (Технологияи зеҳнӣ-компютерии реинжинеринг ва бизнес – равандҳо), 1-25011200 (Информатикаи иқтисодӣ), 1-31030602 (Кибернетикаи иқтисодӣ), 1-25011025 (Иқтисодиёти рақамӣ) ворид карда шудаан, ки аз рӯйи онҳо донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар оянда мутахассисони баландихтсос дар ин соҳа омода гардида, барои рушту ташаккули ин бахш хизмат мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон лабораторияи зеҳни сунъӣ бо 28 ҷойи нишаст ва дар Донишкадаи байналмилалии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, ки 14.12.2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, ки лабораторияи зеҳни сунъӣ бо 20 ҷойи нишаст таъсис дода шуда, бо воситаҳои техникии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин метавонад дар оянда барои омода намудани кадрҳои соҳибмалака дар риштаи зеҳни сунъӣ шароит фароҳам орад.
Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир зеҳни сунъӣ яке аз равандҳои неруманди асри 21 буда, ҷорӣ намудани он ба раванди суръатноки истеҳсол ва тақсимоти мол, кор ва хизматрасониҳо таъсири мусбат мерасонад. Ин технологияҳо ба тамоми соҳаҳои иқтимоию иҷтисодии ҷаҳон ворид шуда, асоси рушдро ташкил медиҳад.
Ҷорисозии зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон нақши муҳим дошта, тавассути пешбарии фалсафаи тараққиёти “ҷаҳишӣ” метавонад яке аз қувваҳои пешбарандаи иқтисодиёт гардад ва ҳосилнокию самаранокии меҳнатро бамаротиб зиёд намояд.
Тибқи арзёбии коршиносони байналмиллалӣ то соли 2030 маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорисозӣ ва истифодаи технологияи зеҳни сунъӣ 14 фоиз ё тақрибан 16 трлн доллар афзоиш меёбад. Афзоиши мазкур асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат ва зиёд шудани талаботи истеъмолӣ дар натиҷаи мукаммал шудани раванди истеҳсоли молҳо таъмин мегардад. Бозори ҷаҳонии зеҳни сунъӣ дар соли 2024 тақрибан 215 миллиард долларро ташкил дода, тибқи дурнамо то соли 2030 тақрибан ба 2 триллион доллар афзоиш меёбад.
Мувофиқи арзёбии коршиносони масоилҳои иқтисодӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ кишварҳои пешрафта нисбат ба кишварҳои рӯ ба инкишоф имкони гирифтани даромади иқтисодии зиёдтарро доранд. Кишварҳои пешрафта аз ин ҳисоб метавонанд 20-25 фоиз фоидаи иловагии иқтисодӣ ба даст оранд, аммо ин нишондиҳанда барои кишварҳои рӯ ба инкишоф аз 5 то 15 фоизро ташкил медиҳад.
Бо дарназардошти таъсири технологияҳои зеҳни сунъӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, кишварҳои ҷаҳон ба рушди соҳаи зеҳни сунъӣ диққати махсус зоҳир менамоянд. Аллакай 62 кишвари ҷаҳон стратегияи миллии зеҳни сунъиро қабул ва татбиқ намуда истодаанд, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Яке аз самтҳои стратегии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини рушди устувори иқтисодӣ бо роҳи татбиқи модели иқтисодии индустриалӣ-инноватсионӣ мебошад, ки дар ин замина масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, баланд бардоштани тафаккури зеҳнии аҳолӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди илму инноватсия ва ихтироъкорӣ хело муҳим аст.
Маврид ба зикр мебошад, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти инсон, ин фаъолияти зеҳнӣ мебошад, ки он аз рушду иқтидорӣ илмию техникии давлат вобастагии калон дорад. Вазифаи асосии давлат дар ин самт таъмини шароити мусоид барои рушди илм, техника ва технология, ҷалби сармоягузориҳо, рушди истеҳсолот, таъмини рақобати солим, ҳифз ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шуданд. Бо бовари гуфта метавонем, ки ин метавонад дар оянда ба ташаккул ва рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ такони ҷиддӣ бахшад.
Барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии кишвар ва таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки робитаи зичу самарабахши илм ва ихтироот бо истеҳсолот таъмин гардида, технологияҳои муосир, аз қабили технологияҳои зеҳни сунъӣ, дастовардҳои илму техника ва инноватсия дар истеҳсолоти кишвар ба таври васеъ истифода карда шаванд. Зеро фаъолияти самарабахши илмиву технологӣ ва инноватсионӣ яке аз омилҳои асосии таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки истифодаи технологмяҳои зеҳни сунъӣ ба раванди самаранок ҷорӣ намудани хизматрасониҳои давлатии рақамӣ, ҷорӣ намудани иқтисоди рақамӣ ва иқтисоди сабз, афзоиши даромади буҷет, содагардонии равандҳои бақайдгирӣ ва қабули қарорҳо, рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани зиндагии аҳолӣ ва таъмини шаффофият мусоидат менамояд.
Бояд зикр кард, ки дар шароити имрӯза рушди фаъолияти инноватсионӣ дар самти технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ шарти асосии рақобатпазирии иқтисодӣ ва баландбардории самаранокии соҳаҳои воқеии он ба шумор меравад.
Ҳаминро қайд кардан ҷоиз мебошад, ки имрӯзҳо дар аксарият соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла соҳаҳои молия, бонкдорӣ, савдо ва хизматрасониҳои пулакӣ, нақлиёт, энергетика, маориф, саноат ва робитаҳои байналмилалӣ амалишавии технологияҳои зеҳни сунъӣ бараъло мушоҳида карда мешавад. Рушди пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои савдо ва нақлиёт, пешниҳоди қарзҳои хурд бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, таъсиси корхонаҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии раванди таълим, баҳодиҳии автоматии қарзгиранда оид ба қобили пардохт будани он ва пешниҳоди қарзҳои хурд, пешбинии ҳолатҳои камшавии мизоҷон, шинохти матн ва таснифоти ҳуҷҷатгузорӣ заминаҳои муҳими истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мебошанд.
Бо боварии зиёд гуфта метавонем, ки дар ояндаи дарозмуҳлат Тоҷикистони азизи мо низ метавонад ба яке аз кишварҳои пешсаф дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ мубаддал гардад. Барои амалӣ гардидани ин мақсад андешидани чораҳои стратегӣ дар самти ташкили шароити мусоиди соҳавӣ ва омодаву ҳавасманд намудани мутахассисони ҷавон муҳим мебошад.
Мо бовари дорем, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисон дар самти рақамикунонии соҳаҳои гуногун, ҷори намудани технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ тамом чораҳои заруриро андешида истодааст ва дар оянда метавонад барои таъмини самаранокии соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботҳои бозори меҳанти дохилию хориҷиро омода намояд.
Асри рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ моро водор месозад, ки на танҳо тарзи зиндагӣ, балки тарзи тафаккурро низ рушд бахшем.
Сардори раёсати рушди стратегӣ ва менеҷменти
сифати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва
соҳибкории Тоҷикистон,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Валиев Н.Ш.