НАҚШИ РАҚАМИКУНОНӢ ВА НИЗОМҲОИ ЗЕҲНӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

13 декабри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраҳои барномасозӣ ва низомҳои зеҳнӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти рақамӣ конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимону донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конфронси мазкурро муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Зоирзода И.С. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи роҳбарияти Донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Мавсуф қайд кард, ки имрӯз дар фазои дӯстӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар атрофи яке аз мавзуҳои муҳими рушди иқтисодиёти миллӣ баҳсу мунозираҳои судманд сурат хоҳад гирифт.
Ҷаҳони имрӯза дар заминаи навовариҳо ва технологияҳои рақамӣ бо суръати бесобиқа рушд мекунад. Мо шоҳиди онем, ки рақамисозӣ ва низомҳои зеҳнӣ чӣ гуна иқтисодиёти кишварҳоро тағйир медиҳанд, корхонаҳоро рақобатпазиртар мегардонанд ва сатҳи зиндагии мардумро беҳтар мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо дарназардошти ин тағйирот, Стратегияи худро барои рақамисозии иқтисодиёт ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таҳия намуда, корҳои муайяне дар доираи он амалӣ шуда истодаанд.
Сипас, тибқи барномаи конфронс д.и.ф.м., профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзоев С.Х., д.и.п., профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзализода Б.Ф., н.и.ф.м., дотсенти Донишгоҳи федералии Қазон Арабов М.К. ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт Каримзода Х.Ф. бо маърӯза баромад намуданд.
Конфронс кори худро баъд аз нисфирӯзӣ дар бахшҳои алоҳида идома дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *