(аз Паём то Паём)
Соли 2024 барои Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, соли бобарор буда, ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Тавре ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш таъкид доштанд, ҳоло кишвари мо дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Новобаста аз вазъи ноороми сиёсиву иқтисодии ҷаҳон моро зарур аст, ки бо амалисозии тадбирҳои саривақтиву пешгирикунанда амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисоди миллиро таъмин намоем, то ки сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар боз ҳам баланд бардошта шавад. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд “… мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон”.
Бояд қайд намуд, ки дар пешрафти иқтисодии кишвар, амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз Паём бармеоянд, нақши низоми бонкии мамлакат хеле назаррас мебошад, зеро беҳуда дар тамоми ҷаҳон низоми бонкиро “рагҳои хунгард”-и иқтисодиёт эътироф накардаанд.
Низоми бонкии мамлакат соли 2024 фаъолияти худро тибқи қонунгузории соҳавӣ ва вазифагузориҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат амалӣ намуд.
Дар давоми соли 2024 татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва дигар воситаҳои молиявӣ идома ёфта, баҳри таъмини муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ, нигоҳ доштани қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, инчунин таъмини фаъолияти босуботу бехатари низоми пардохт чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 сатҳи таваррум 1,9%-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ кам мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ – 1,3%, молҳои ғайрихӯрокворӣ – 1,6% ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ – 4,0% ба амал омад.
Таварруми солона бошад дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (6±2 б.ф.) қарор дошта, 3,6%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,1 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар ин давра маош, нафақа ва стипендияҳо нисбат ба сатҳи таваррум бамаротиб зиёд гардиданд, ки бевосита ба коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардуми кишвар мусоидат намуданд.
Тавре ки Пешвои миллат дар Паёми хеш иброз доштанд, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид. Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Яке аз омили асосии ба рушди низоми бонкӣ таъсиррасонанда меъёри бозтам-вил ба ҳисоб меравад, ки ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ баромад менамояд. Бинобар сабаби идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот, дурнамои мусбати нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, арзёбии коҳиш ёфтани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт, инчунин аз доираи ҳадафи муқарраргардида паст будани сатҳи таваррум дар нимсолаи аввали соли 2024 меъёри бозтамвил 9,25% ва аз 5 августи соли ҷорӣ 9% муқаррар гардид.
Дар таъмини рушди босуботи иқтисодиёти дилхоҳ мамлакат сиёсати асъории бонки марказӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ нақши муҳим дорад. Соли 2024 сиёсати пешгирифтаи БМТ бо истифода аз реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” имкон фароҳам овард, ки қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба андозаи 2,7% устувор гардад. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лираи Туркия 11,7%, тангаи Қазоқистон 3,7%, суми Ӯзбекистон 1,8% ва юани Чин 0,6% нисбат ба доллари ИМА коҳиш ёфт.
Дар Паёми худ Пешвои миллат ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ дастур доданд, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъат бахшидани фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ, ҷиҳати таъсис додани филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат тадбирҳои мушаххас андешанд.
Айни замон дар мамлакат 63 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 25 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд. Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ин давра ба 1899 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 18 адад зиёд мебошад.
Вобаста ба ин бояд қайд намуд, ки дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 ба 41,2 млрд. сомонӣ ва 33,2 млрд. сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мувофиқан 22,8% (ё 7,7 млрд.сомонӣ) ва 25,0% (ё 6,6 млрд.сомонӣ) зиёд мебошанд, сармояи тавозунии онҳо дар ин давра 8,0 млрд.сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 1,0 млрд. сомонӣ ё 14,6% зиёд мебошад. Дар ин давра бақияи умумии пасандозҳо 21,1 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2023 24,1% зиёд мебошад. Қобили қайд аст, ки аз ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо ҳиссаи он бо пули миллӣ 61,1% ва бо асъори хориҷӣ 38,9%-ро ташкил намуд. Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо ҳиссаи шахсони ҳуқуқӣ 8,8 млрд. сомонӣ ё 41,9% ва ҳиссаи шахсони воқеӣ 12,3 млрд. сомонӣ ё 58,1%-ро ташкил медиҳанд.
Тавре маълум аст, маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба шумор меравад.
Чӣ тавре ки дар Паёми Пешвои миллат қайд гардид, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.
Таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти бонкҳои кишвар нишон медиҳад, ки ҳаҷми қарзҳои додашуда дар нимсолаи якум 10,6 млрд. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли гузашта 1,3 млрд. сомонӣ ё 14,5% зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 46,3%, кишоварзӣ 14,3%, савдои хориҷӣ 14,3%, саноат 11,9%, хизматрасонӣ 7,1%, сохтмон 3,5% ва дигар соҳаҳо 2,6% рост меояд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 32,0% ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 3,4 млрд. сомониро ташкил додааст.
Пешвои миллат дар Паёми имсола ҷиҳати идома додани раванди қарздиҳӣ ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш доданд, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намуда, то охири соли 2027 бояд ба беш аз 100 млрд. сомонӣ расонида шавад.
Яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявии низоми бонкӣ меъёри кифоятии сармояи он ба ҳисоб меравад, ки он 21,4%-ро ташкил намуда нисбат ба талаботи муқарраршуда (12%) 9,4 банди фоизӣ зиёд мебошад. Меъёри пардохтпазирии низоми бонкӣ соли 2024 ба 80,6% баробар гардида, нисбат ба талаботи муқарраршуда 50,6 банди фоизӣ зиёд шудааст.
Яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия ин амалисозии пардохтҳои ғайринақдӣ дар мамлакат ба ҳисоб рафта, дар бисёр кишварҳо ин нишондиҳанда 80-90%-ро ташкил медиҳад. Бинобар ин ба низоми бонкӣ супориш дода шуд, ки то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шавад.
Дар амалисозии дастури мазкур истифодаи саросарии кортҳои пардохтии бонкӣ аз тарафи аҳолии кишвар нақши муҳим дорад. Миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ айни замон 7,6 млн. ададро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 28,7% зиёд мебошад. Инчунин, дар соли 2024 шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 10,4 млн. адад расида, нисбат ба соли 2023 39,0% афзоиш ёфтааст.
Барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ соли 2024 дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 7939 POS-терминалҳо насб гардидаанд, ки ин нисбат ба соли 2023 71,2% зиёд мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 16,472 ҳазор QR–рамзи ягона насб карда шудааст. Бо мақсади бо пули нақд таъмин намудани дорандагони кортҳои пардохтӣ соли 2024 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 2654 банкомат ва 3597 терминали электронӣ насб карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2023 мувофиқан 36,3% ва 28,6% зиёд мебошад.
Дар нимаи аввали соли 2024 дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) амалиётҳои ғайринақдии пардохти молу хизматрасонӣ ба маблағи 12,8 млрд. сомонӣ анҷом дода шудаанд. Дар ин давра таносуби ҳиссаи амалиётҳои гирифтани пули нақд ва амалиётҳои ғайринақдӣ 75% ба 25%-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2023 ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ 8,4 банди фоизӣ зиёд гардидааст.
Дар низоми бонкии кишвар дар робита ба амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба масъалаи ҷалби бештари занону духтарони соҳибтахассус ва соҳибтаҷриба ба кор дар муассисаҳои низоми бонкӣ ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ кардани онҳо диққати махсус дода шуда истодааст. Маврид ба қайд аст, ки агар дар соли 2024 шумораи умумии кормандони низоми бонкӣ 19824 нафарро ташкил диҳад, аз ин 8069 нафарашро бонувон (40,7%) ташкил дода, аз ин шумора 538 нафар занон ба бахши роҳбарикунанда рост меоянд (19,6%).
Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои қарзии кишвар бо мақсади ҷалби бештари сармояи хориҷӣ бо чунин ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, аз қабили Хазинаи Байналмилалии Асъор, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки рушди Авруосиё, Бонки байнидавлатӣ, Иттиҳоди дастрасии молиявӣ, фондҳои байналмилалӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд.
Яке аз нишондиҳандаҳое, ки устувории низоми бонкӣ ва сатҳи боварӣ ба онро дар сатҳи байналмилалӣ нишон медиҳад, ин рейтинги кредитии соҳибихтиёрии мамлакат ба ҳисоб меравад, ки ин нишондиҳанда барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 аз ҷониби ширкати байналмилалии рейтингии “Standart & Poor’s” дар сатҳи “B-/B” бо дурнамои “устувор” тасдиқ карда шуд.
Қайд намудан зарур аст, ки ҷалби бештари сармояи дохилӣ ва хориҷӣ яке аз вазифаҳои асосии низоми бонкӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар соли 2024 ба низоми бонкии кишвар 1676,0 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ ¬¬¬¬¬ 63,8% зиёд мебошад.
Низоми бонкии кишвар минбаъд низ барои татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, пурзӯр намудани танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ чораҳои зарурӣ хоҳад андешид.
Дар хулоса қайд кардан ҷоиз аст, ки ба қадри истиқлолияту озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи сарвари кишварро дар рушди иқтисодии кишвар, аз ҷумла низоми бонкии он, гиромӣ доштан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати пешрафта қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Моро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем, барои амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми худро гузорем, баҳри таъмини рушди устувори Тоҷикистони азиз тамоми қувваю дониши худро сарф намоем, то кишвари мо ба як давлати пешрафтаи минтақа табдил ёфта, обрӯю манзалати хешро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардорад.
Исмоилов А.А. – мудири кафедраи фаъолияти бонкии ДБССТ