Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 2024-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуд.
05 феврали соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Нишасти матбуотӣ вобаста ба натиҷаи ҷамъбасти соли 2024 баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 80 нафар намояндагони ВАО иштирок намуданд. Дар баробари ин, дар нишаст роҳбарони воҳидҳои сохтории донишгоҳ, ректорони донишкадаҳои байналмилалии Левакант, Данғара ва Хуҷанд, инчунин директорони коллеҷҳо, литсейҳо, институтҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотии назди донишгоҳ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд.
Ректори Донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ба намояндагони васоити ахбори омма барои ҳузурашон арзи сипос баён намуда, қайд кард, ки таваҷҷуҳи хоссаи онҳо ба донишгоҳ имконият медиҳад, то дастовардҳои таълимӣ ва илмии он сол ба сол рушд ёбанд.
Зимни гузориши хеш, профессор Асрорзода У.С. қайд намуд, ки соли 2024 барои ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ соли пур аз дастоварду муваффақиятҳо буд. Аз ҷумла, ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравӣ намуда, донишгоҳ низоми бисёрзинагии таҳсилотро бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонид.
Боиси ифтихор аст, ки 24 майи соли 2024 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди Маҷмааи биноҳои нави таълимии Донишкадаи байналмилалии Данғара Санги асос гузоштанд, ки ин масъулияти моро дар омодасозии мутахассисони баландихтисос боз ҳам бештар менамояд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, таҳти №199, сохтори нави идоракунии донишгоҳ тасдиқ гардида, тибқи он 2 Пажуҳишгоҳи илмию таҳқиқотӣ, 3 Институти таълимӣ ва 10 маркази таҳсилотӣ таъсис дода шуданд.
Пешвои миллат зимни мулоқот бо аҳли маориф ба таҳкими фаъолияти пажуҳишгоҳҳои “Рушди устувор ва иқтисоди сабз” ва “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” таъкид намуда, тиҷоратикунонии натиҷаҳои илмӣ ва пайванди илм бо истеҳсолотро зарур шумориданд. Раёсати донишгоҳ дар ин самт корҳои зиёд анҷом дода, барои бунёди Маркази тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия ва ба ташкилотҳои маблағгузор пешниҳод намуд. Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024, №380, донишкадаҳои байналмилалӣ дар Левакант, Хуҷанд ва Данғара таъсис ёфтанд.
Боиси хушнудист, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2024, №619, Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе ба ихтиёри донишгоҳ гузаронида шуданд. Дар ин раванд, барои ба сатҳи нав баровардани таҳсилот, таҷҳизонидани муассисаҳо ва баланд бардоштани сатҳи тахассус тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Соли 2024, дар доираи қадрдонии заҳматҳои кормандони донишгоҳ, 4 нафар бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла 1 нафар бо Ордени “Шараф” дараҷаи II ва 3 нафар бо Медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданд.
Ҳамин тавр, ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор вобаста ба дастовардҳои соли 2024 доир ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию инноватсионӣ, байналмилаливу иқтисодӣ ва хољагидорӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ба саволҳои сершумори намояндагони ВАО дар якҷоягӣ бо роҳбарони воҳидҳои сохтории Донишгоҳ посухҳои қаноаткунанда гардониданд.
Дар фарҷоми нишасти хабарӣ ректори донишгоҳ қайд намуданд, ки дастовардҳои соли 2024 назаррасанд, аммо барои тақвияти минбаъдаи фаъолият тибқи Стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи то соли 2040 чораҳои иловагӣ амалӣ хоҳанд шуд.