17 октябри соли ҷорӣ даври аввали олимпиадаи дохилидонишгоҳӣ аз фанни Математика дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар олимпиадаи мазкур беш аз 150 нафар донишҷӯёни институтҳои таълимӣ ва факултетҳои Донишгоҳ иштирок намуданд. Баъди ҷамъбасти даври аввали олимпиада 20 нафар донишҷӯён ба даври дувум роҳхат мегиранд.