“Меҳргон ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд”
Эмомалӣ Раҳмон
Меҳргон дар қатори дигар ҷашнҳои аҷдодии мардуми ориёитабор қарор дошта, аз замонҳои хеле қадим ба мо мерос мондааст. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки дар рӯзи эътидоли тирамоҳ оғоз меёбад. Эътидоли тирамоҳ маънои баробаршавии шабу рӯз дар оғози фасли тирамоҳро дорад. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ мебошад. Ин ҷашн ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Дар даврони қадим ҳангоми ҷашн гирифтани иди Меҳргон ба монанди ҷашни Наврӯз дастархони идона меоростанд. Маҳсулоте, ки дар рӯйи дастархон гузошта мешуд, маҳсули заҳмати дасти марди деҳқон буда, аксарашон ранги сафед ё заррин доштанд. Ин рангҳо фаровонию файзу баракатро ифода менамуданд. Дар бораи дастархони Меҳргон ва ороиши он дар сарчашмаҳо зиёд ишорат шудааст, ки бо такя бар он Сарвари кишвар ба таври зерин аз он ёдоварӣ намудаанд: «Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рўйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хўрданиҳои маҳаллӣ ва бўйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад».
Ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ ва адабӣ, махсусан, дар ашъори шоирони классики тоҷику форс ҳамчун нишони файзу баракат, фаровонӣ, дастархони пурфайзи боғдорону кишоварзон намудор мешавад.
Ҳанӯз дар аҳди Сомониён бузургдошти ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон дар авҷ буд ва шоирони ин давр устод Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқию Мунҷики Тирмизӣ ва дигарон ҷашни Меҳргон ва тирамоҳи зарринро бо тамоми зебоиҳо дар ашъорашон васф кардаанд: Чунончӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷашни Меҳргонро чунин тасвир кардааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону Хусравон омад.
Хаз ба ҷои мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,
Май ба ҷои арғавон омад,
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон омад.
Чӣ тавре ки дар сарчашмаҳо зиёд ишора шудааст, Наврӯз ба номи Ҷамшед ва Меҳргон ба номи Фаридун вобаста аст. Дар “Шоҳнома – И Фирдавсӣ омадааст, ки дар давраи салтанати Заҳҳок мардум ба азобу ситам гирифтор буданд. Ва аз насли Ҷамшед марде бо номи Фаридун пайдо шуду Заҳҳокро аз сари қудрат дур сохт ва ба мардум шодию нишот овард, ки ин дар моҳи меҳр рух дода буд. Мардум аз ин хурсанд шуда ҷашни бузург баргузор карданд ва номи ин ҷашнро Меҳргон гузоштанд. Ҳаким Фирдавсӣ дар ин бора гуфтааст:
Фаридун чу шуд бар ҷаҳон комгор,
Надонист ҷуз хештан шаҳриёр.
Ба расми каён тоҷу тахти меҳӣ,
Биёрост бо кохи шоҳаншаҳӣ.
Ба рўзи хуҷаста сари меҳру моҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Ё дар ҷойи дигар аз Меҳргон ёд кардааст:
Бикард андар он кўҳ оташкада,
Бад-ў тоза шуд Меҳргон ва Сада.
Манучеҳрии Домғонӣ, ки шоири аҳди ғазнавиён ба шумор меравад, дар бораи Меҳргон тасвиру ишораҳои зиёд дорад. Ӯ Фаридунро созмондиҳандаи ин ҷашн меҳисобад:
Эй амири меҳрубон, ин Меҳргон хуррам гузор,
Фарру фармони Фаридун варз бо фарҳангу ҳанг.
Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросимҳои мухталифи мардумӣ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд доир кардани онҳо шароит фароҳам омад. Ҷашни Меҳргон дар ашъори шоирони даврони муосир низ зиёд ба назар мерасад. Хусусан, дар шеъри Гулрухсор Меҳргон бо ҳама зебоиву нафосаташ ҷилвагар мешавад. Ӯ фасли таҷлили ҷашни Меҳргонро фасли зеботарин тасвир мекунад, ки нерӯи зинда кардани меҳрро дар қалби инсонҳо дорад. Фасле, ки табиат ҷомаи заррин, дарахтон қабои нав ба бар менамоянд. Ишқ ҳама ҷо танинандоз мешавад:
Фасли меҳри Меҳргон буд,
Меҳр дил буд, меҳр ҷон буд,
Ранги зарди тирамоҳӣ
Сурху сабзу арғавон буд.
Хулоса, мардум ҷашни Меҳргонро бо хушҳолию хушнудӣ таҷлил намуда, аз ҳосили ба дастовардаашон дастархони меҳру муҳаббат боз намоянд, ҳамдигарро табрик карда, барои фаровонии дастархон, ободии кишвар, ваҳдати комил дасти дуо бардоранд ва нишоти Истиқлолиятро бо ҳам бубинанд.
Омад хуҷаста Меҳргон,
Ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони Шумо,
Аз нуру нору арғавон…
Мустафозода Нафиса, Муродзода Мукаррама – омӯзгорони кафедраи забон ва фарҳанги ДБССТ