ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ҲУҚУҚ ВА ГУМРУК НАВРӮЗРО ҶАШН ГИРИФТАНД

14 марти соли 2025 дар факултети ҳуқуқ ва гумрук-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид.
Чорабинии идона бо суханронии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Зоирзода И.С. ва декани факултет Тағоев Б.Ш. оғоз гардид. Онҳо ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, таъкид карданд, ки ин ҷашни бостонӣ ҳамчун рамзи эҳёи табиат, дӯстиву ҳамдилӣ ва суннатҳои волои миллӣ дар миёни мардумон мақоми хос дорад.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо барномаҳои фарҳангӣ иштирок намуда, бо шеърхонӣ, рақсҳои анъанавӣ ва саҳнаҳои театрӣ ранги тозае ба ид бахшиданд.
Ҷашн бо намоиши суннатҳои миллӣ, аз ҷумла омода кардани таомҳои наврӯзӣ ба мисли ҳафтсин ва ҳафтшин, суманакпазӣ, ҳамчунин баргузории бозиҳои варзишӣ идома ёфт. Донишҷӯён ва меҳмонон бо шодию нишот ва эҳсоси ифтихор аз таъриху фарҳанги ғании миллӣ дар ин чорабинии бошукӯҳ ширкат варзиданд.
Наврӯз, ки ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва оғози соли нав ҷашн гирифта мешавад, дар Тоҷикистон аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа бо самимияти хос таҷлил мегардад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ бо баргузории чунин чорабиниҳо дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва эҳёи суннатҳои аҷдодӣ саҳмгузор мебошад.
Чорабиниҳои дигари Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва сохторҳои таркибии он ҷиҳати таҷлили сазовори Наврӯзи байналмилалӣ идома доранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *