ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Машварати профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо дастаи олимпии Донишгоҳ
21 феврали соли 2025 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо дастаи олимпии донишгоҳ вохӯрии судманд анҷом доданд.
Дар оғози мулоқот, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор аз дастовардҳои назарраси донишҷӯён дар озмунҳо ва олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки ин комёбиҳо на танҳо барои донишгоҳ, балки барои тамоми миллат ифтихорофаринанд.
Зимни суханронии худ, ректори донишгоҳ аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм ва маърифат ёдовар шуда, зикр намуданд, ки ташаббусҳои Пешвои миллат, аз ҷумла озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – ватани азизи ман», дар тарбияи насли наврас ва боло бурдани ҳуввияти миллӣ нақши муҳим мебозанд.
Қайд гардид, ки дар соли 2024, донишҷӯёни Донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бо иштироки фаъолона дар озмунҳо, олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои гуногун 44 дастоварди назаррасро ба даст оварданд. Аз ҷумла, 7 ҷойи аввал, 16 ҷойи дуюм ва 20 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Профессор Асрорзода Убайдулло Саттор иброз доштанд, ки дар соли 2025 донишгоҳ барои ғолибони озмунҳо ва роҳбарони онҳо ҳавасмандгардониҳои махсус, аз ҷумла мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо пешбинӣ менамояд. Ин иқдом ҷиҳати боло бурдани рӯҳияи донишҷӯён ва ташвиқи онҳо ба дастовардҳои нав равона шудааст.
Вохӯрӣ дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, ба донишҷӯён ва устодон барои муваффақиятҳои минбаъда орзуҳои нек иброз гардид.
 

Previous

Next

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *