ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАИ МИНТАҚАВӢ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАЁСАТИ ДБССТ” ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Субҳи имрӯз дар толорҳои барҳавои Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид.
Олимпиада аз рӯйи фанҳои дақиқ ва табиӣ – математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва география баргузор гардида, мақсад аз он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва тақвияти омӯзиш дар самтҳои муҳими илм аст.
Дар маросими ифтитоҳи расмии Олимпиада роҳбарияти Донишгоҳ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Левакант, директорони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоятӣ ва маҳаллӣ, инчунин роҳбарону хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Масъулин аз сатҳи омодагӣ ва имконоти Донишкадаи байналмилалии Левакант изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳои илмиро иқдоми муҳим дар рушди нерӯи зеҳнии наврасону ҷавонон арзёбӣ карданд.
Намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои фароҳам овардани чунин шароиту имкониятҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Олимпиада давоми рӯз идома ёфта, ғолибон бо “Ҷоми раёсати ДБССТ” ва туҳфаҳои арзишманд қадршиносӣ хоҳанд шуд.
ш. Левакант, 09.04.2025

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *