ПАЗИРОИИ ИШТИРОКДОРОНИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ВАРЗИШИ САЙЁҲӢ

Санаи 27 марти соли 2025 маъмурият, устодон ва донишҷӯёни институти сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирокдорон-ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сайёҳӣ, ки санаҳои 22-26 марти соли равон дар Истироҳатгоҳи “20-солагии истиқлолият”-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баргузор гардид, гарму самимона истиқбол гирифтанд.
Дар вохӯрӣ директори институт Қодирзода Ф.С. табрикоти роҳбарияти донишгоҳро ба иштирокдорон-ғолибони мусобиқа ҷиҳати ба даст овардани ғолибият дар номинатсияҳои гуногун ироа намуд. Номбурда қайд намуд, ки дастаи варзишии институти сайёҳӣ дар мавриди иштирок дар мусобиқаҳо дар самти варзиши сайёҳӣ таҷрибаи кофӣ дорад. Зеро, тавре огоҳ ҳастем, дастаи мазкур дар чунин мусобиқаҳо дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуда, ғолибият ба даст овардаанд. Ҳамин аст, ки аъзоёни дастаи варзишии институт аз рӯи як номинатсия “Эстафета” сазовори ҷойҳои 1-ум ва 2-юм ва аз рӯи номинатсияи даставии “Роҳнавардии масофавӣ” сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.
Сипас, аз ҷониби маъмурият, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон ба донишҷӯён-ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сайёҳӣ дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравии мусобиқа тақдим карда шуд.
Дар интиҳо, донишҷӯён-иштирокчиёни дастаи варзишӣ ба роҳбарияти донишгоҳ, шахсан ба ректори донишгоҳ Асрорзода У.С. ҷиҳати муташаккилона доир намудани мусобиқаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *