ПАЙЁМ РОҲНАМОИ КОРУ ФАЪОЛИЯТИ ИМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ КОМПЛЕКСӢ ДАР РУШДИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ

Дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2024-ӯм Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳатеро маҳаки кор ва корбарӣ қарор медиҳад, ки аз талаботи қонуниятҳои талабот ва таклифоти доираи имкониятҳои сафарбарнамудани захираҳои моддию маънавӣ бар меоянд. Чунин ҷараён аз зарурати пешбурди сиёсати самараноки дохилию берунӣ ва вазифаҳои мушаххас барои такон додани фаъолияти тамоми соҳаҳо: саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф, илм ва фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, андоз ва гумрук, амният ва мудофиа, амният тартиботи конунй, инкишоф додани муносибатхои дустй ва ҳамкорй бо мамлакатхои хоричй, ташкилотҳои байналхалқй ва минтақавй иборат мебошад.
Дар ин раванд мавқеи соҳибкорон ва тамоми мардум махсус ёдовар мешавад, ки давоми солҳои охир ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ онҳо барои татбиқи нақшаҳои созандагиву ободонӣ бештар аз 20 миллиард сомонӣ сарф намуда, дар иҷрои нишондодҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоию иқтисодии тамоми марзу буми кишвар мусоидат намудаанд. Ҳамзамон бо мақсади бо пуррагӣ ва саривақтӣ иҷро намудани барномаву нақшаҳои қабулшуда дар соли 2025 вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Ба онҳо супориш дода шуд, ки то охири соли 2025 лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия ва ба ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.
Замони муосир дар ташаккул ва сафарбар намудани захираҳои моддию маънавӣ, омили технологияи рақамӣ ва пайваста бароҳ мондани тақвияти кадриро дар ин самт муайянкунанда меҳисобад. Ҳамин аст,ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади густариши равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи пурраи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуд, ки солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардида, дар заминаи Донишкадаи технологияҳои инноватсионӣ ва менеҷменти шаҳри Кӯлоб “Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ” таъсис дода шавад.
Соҳаи энергетика асоси тақвият додани рушду нумӯи соҳаи истеҳсолоти моддӣ ва маънавӣ ҳисобида мешавад. Аз инрӯ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба даст овардани Истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз тамоми захира ва имкониятҳои ҷойдошта, бахусус манбаъҳои рушди «энергияи сабз», дастур дод, ки то соли 2025-ӯм лоиҳаи «Барномаи рушди энергетикаи барқӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» дар таҳрири нав пешниҳод гардонида шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои ҷойдошта, хусусан, манбаъҳои рушди “энергияи сабз” супориш доданд, ки дар соли 2025-ум лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ” ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” дар таҳрири нав пешниҳод карда шавад.
Бо дарназардошти таҳлили вазъи соҳаи нақлиёт, яке аз ҳадафҳои асосии рушди минбаъда, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитӣ арзёбӣ карда гардид, ки ин барои тақвияти ҳаракат додани захираҳои рекреатсионӣ, маҳсулоти сайёҳии ватанӣ ва теъдоди сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд. Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар арзёбӣ гардид. Ҳамзамон таъқид шуд, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти “самти мазкур ба имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар мувофиқ набуда,баробари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба рушди сайёҳии дохилӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ, хусусан, бунёди инфрасохтори зарурӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ” вазифадор гардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон гарчанде дорои захираҳои бойи рушди аграрӣ бошад ҳам, ин ҳамзамон аз тағйирёбии ҳолатҳои табиию муносибатҳои иқтисодию молиявӣ зич алоқамандӣ дорад. Президенти кишвар бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим, камбуди об ва хушксолӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон, болоравии нархи маводи ғизоӣ ва таъсири манфии ин омилҳо ба бозори истеъмолӣ ба вазорату идораҳои давлатӣ дастур дод, ки тамоми имкониятҳо барои тараққй додани хоҷагии кишлоқ сафарбар карда шаванд. Чунин имкониятҳо бевосита аз тақвияти нерӯи зеҳнӣ ва сатҳу сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ алоқаманд буда, бо таври заминавӣ аз таъмини рушди босуботи устувори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ алоқаманд арзёбӣ гардид. Дар робита ба ин Сарвари давлат зарур донист, ки дар давоми ду моҳ «Барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ барои солҳои 2021-2030» баррасӣ ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод карда шавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи мунтазам амалӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва рушди соҳаҳои моддии даврони Истиқлолияти давлатӣ, инфрасохтори фарҳангиро васеъ гардонида,ҳамаи ин дар хизмати мардум қарор гирифтааст. Аҳамияти ин раванд дар ҷумҳурӣ то рафт бештар гардида, баробари бунёд гардидани 18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона, ба роҳбарони шаҳру районҳо супориш дода шуд, ки дар маркази ҳар як шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ як мактаби мусиқӣ барои истеъдодҳои чавон сохта ба истифода диҳанд. Ҳамзамон, Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дод, ки барои таҷлили 2550-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҷониби Куруши Кабир маводи заруриро пешниҳод намуда, ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд.
Меҳнати манфиатнок барои ҷомеа ва ҳар як фарди кишвар асоси ташаккул додани неъматҳои моддӣ барои зиндагии шоиста мебошад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат таъмини аҳолӣ бо шуғли пурсамарро яке аз ҳадафҳои стратегии давлат номид. Маҳз дар заминаи шуғли пурмаҳсули ба иқтисодиёти инсонӣ асосёфта самаранокӣ афзуда, имкониятҳои даромади инфиродии ташаккули молиявӣ, сатҳи умумиҷумҳуриявӣ ва мавқеъи устувори кишвар тренди рақобатпазирӣ мегирад.
Паҳлуи дигари рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва мавқеъгирии нуфӯзи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ин баэътибор гирифтани арзёбии таркиби ҳолат ва майлгирии аҳолии халқӣ мебошад. Сарвари давлат ҷавонони кишварро фаъолтарин қишри ҷомеа ва идомадиҳандаи фаъолияти насли калонсол номид. Изҳор дошт, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ дар рушди илму навовариҳо ва таҳкими минбаъдаи нуфузи ҷавонон саҳми арзанда хоҳанд гузошт ва кишвари моро дар арсаи байналмиллалӣ аз мавқеи донишҳои муосир, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва кушишҳои навоварона муаррифӣ менамоянд. Президенти кишвар ба вазъи занону духтарон ва мақоми онҳо дар бунёди давлати муосир ва рушди ҷомеа дар даврони истиқлолият баҳои баланд дод. Аз ҷумла таъкид дошт, ки занону духтарон минбаъд низ дар татбиқи талаботу муқаррароти қонунгузории миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ, аз ҷумла либосу расму оинҳои ба халқи мо бегона, дар тарбияи наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободонии Ватан саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Президенти кишвар аз фаъолияти пурсамари вакиони мардумӣ дар вақт ва макон ёдовар шуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, суботи сиёсӣ ва оромии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобастагӣ дорад.
Дар рафти таҳлили сиёсати хориҷии Тоҷикистон Сарвари давлат изҳор дошт, ки Тоҷикистон бар асоси сиёсати хориҷии «дарҳои кушода» омодагии худро барои идомаи таҳкими муносибатҳои бисёрҷониба дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба изҳор медорад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамкориҳои созанда ва ояндадорро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои молии байналмилалӣ ва шарикони рушд густариш медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Мо минбаъд низ барои расидан ба ҳадафҳои худ ва тавсеаи ҳамкориҳои созанда ва дарозмуддат бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва шарикони байналмилалии худ чораҳои зарурӣ меандешем. Кишвари мо равобити худро бо Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва дигар созмонҳо тавсеа бахшида, саъй дорад, ки дар равандҳои ҷаҳонӣ ва гуногунҷанба. сохторҳои байналмилалӣ ширкат варзад ».
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми Паёми худ изҳор доштанд, ки мо бояд мунтазам саъю кӯшиш ба харҷ диҳем, то инки давлати соҳибистиқлоламонро ободу зебо созем, Ватани ниёгонамон обод ва сатҳу сифати зиндагии ҳар як оилаи миллат ва халки шарифи Точикистон беҳтар бошад.
Ҳамин тавр, Сарвари давлат рушду пешрафти бахшҳои гуногуни ҳаёти кишварро бо муқоиса ва таҳлили нишондиҳандаҳои ҳаҷм ва дараҷаи фаъолияти соҳаҳо арзёбӣ намуда, ҳарчи бештар ба ҷабҳаҳои сифатии баланд бардоштани таъмини амнияти миллӣ, устувории иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум даъват менамояд. Ин раванд аз ҳамоҳангии фаъолияти иқтисодию молиявӣ,технологию инноватсионӣ,коммуникатсионию байни фарҳангии сиёсати дохилию байналмилалӣ бар омада, муайянкунандаи стратегия ва тактикаи кории тамоми бахшҳо аз ҷумла зарурати майлгирии фаъолияти имию таҳқиқотии комплексӣ дар рушди сайёҳӣ ва соҳибкориро ифода карда мегирад.
Ходими калони илмии ИИТСС ДБССТ, н.и.и,дотсент Маъдиев Саъдихоҷа

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *