ПАРЧАМБАРДОРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ – НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

13 марти соли 2025 дар Литсейи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ ва омӯзгорону хонандагон баргузор гардид.
Муовини аввали ректори Донишгоҳ Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович табрикоти ректори донишгоҳро бахшида ба ин ҷашни бостонӣ қироат намуда, ҳозиринро шодбош намуд. Қайд гардид, ки дар меҳвари сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҷашни Наврӯз – ҳамчун мероси бузурги таърихии тоҷикон мақоми калидӣ дорад. Зеро, ки дар шинохт ва эътирофи Пешвои муаззами миллат Наврӯз на танҳо як ҷашн, балки ҳамчун як оини ҳуввиятсозу мафкурасоз ва василаи асосии расидан ба худогоҳии миллӣ дониста мешавад.
Дар доираи ин чорабинии бошукӯҳ расму оинҳои миллӣ эҳё гардида, бо намоиши дастурхони наврӯзӣ ва хӯрокҳои анъанавии миллӣ фазои ҷашнӣ фароҳам оварда шуд.
Баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ба ҷашн ранги хос бахшида, ба тарғиби суннатҳои миллӣ ва ваҳдати фарҳангии ҷомеа мусоидат намуд. Ҳамчунин, омӯзгорон ва хонандагони литсей бо барномаҳои рангин ва рақсу сурудҳои дилнишин Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд.
Ин чорабинӣ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба мероси миллии тоҷикон ва муаррифии анъанаҳои бойи Наврӯз миёни насли ҷавон доир гардида, ба ҳама ҳозирин рӯҳияи наврӯзӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ бахшид.
Чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили сазовори Наврӯзи байналмилалӣ дар сохторҳои таркибии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бомаром идома доранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *