ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ФАЪОЛГАРДОНИИ НАҚШИ ЗАНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Яке аз дастовардҳои муҳими сиёсӣ дар даврони истиқлолият барои занон ин таҳияи ва қабули қонунгузорӣ дар ҷодаи баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани ҳуқуқи занон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа чунин таъкид намуданд: “Зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад. Ҳамчунин, фаъолгардонии нақши занон ва ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.
Бо дарназардошти зарурати ин масъала дар ҷумҳури Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва кафолатҳои баробари амалигардонии онҳо”, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барномаҳои давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабул гардидааст.
Зикр намудан бо маврид аст, ки Сарвари давлат мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар Паёми навбати дар бунёди эъмори ҷомеаи муосир ва рушди давлат дар замони соҳибистиқлолӣ назаррас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки занон ҳамчун нерӯи созанда дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватан, сару либос ва пешгирии ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан ҳимояи он аз таҳдиди хатарҳои муосир, бегонапарастӣ, сулҳу суботи сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии ҳаракатҳои номатлуби ҷавонон вобаста ба масоили ифротӣ ва зидди манфиатҳои ҷомеадошта саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Дар фарҳангу тамаддуни мо тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хосса дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷумҳури 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тибб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил мекунад. Ҳоло дар ҷумҳури яксаду даҳ ҳазор соҳибкорон аз ҳисоба занон мебошад.
Вобаста ба ин, қайд намудан зарур аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз дусаду ҳаштод ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро (МТОК) хатм намуданд. Яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз ҳисоби квотаҳои Президентӣ бошад, дар ин давра яъне дар бистуҳашт (28) соли охир ёздаҳ ҳазору шашсад нафар духтарони аз ноҳияҳои дурдасти кишварамон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро (МТОК) бо квотаи Президентӣ хатм намудаанд. Ҳамчунин, зиёда аз 35 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) хориҷи кишварро хатм карда соҳиби маълумот шудаанд. Ҳоло аз дусаду чордаҳ ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии (МТОК) кишвар навад ҳазор ё 42%-ро духтарон ташкил медиҳад.
Рақамҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки мақоми занон дар ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолӣ баланд бардошта шуда, барои онҳо шароити муносиби фаъолия фароҳам оварда шудааст
Хулоса, занони шарафманд ва сарбаланди тоҷикро месазад, ки ба саҳифаҳои фоҷиабори миллат назар афканда дар радифи шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар замони бархӯрди абарқудратҳо ва тамаддунҳои гуногуни олам саҳми арзишманди худро барои пешравии давлати соҳибистиқлоламон гузоранд.
Мо бояд бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди мафкураи миллии халқи хеш пайваста саҳмгузор бошем.
Гулрӯ Қаландарзода н.и.и., дотсенти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *