ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ – ИҶТИМОӢ

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ )
Мусаллам аст, ки ҳамасола паёми Пешвои муаззами миллат ба маҷлиси олии кишвар ироа карда мешавад ва дар он ҳамаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат таҷассум ёфта сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баррасӣ карда мешавад. Инчунин Пешвои муаззами миллат дар паёми худ ҳисоботи солонаи иқтисодӣ иҷтимоии мамлакатро ҷамъбаст намуда барои соли навбатии молиявӣ супориш ва нақшаҳои пешбурди иқтисодиётро пешкаш менамоянд.
“Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.” – таъкид медоранд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2023 ба МО ҶТ.
Рушди иқтисодӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиёт ба ҳисоб рафта барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некӯаҳволии мардум нақши муҳим дорад. Ҳар чи қадаре, ки афзоиши ин нишондиҳанда баланд бошад ин аз боловарии сатҳи зиндагии аҳолӣ дарак медиҳад. Бинобарин Ҳуқумати мамлакат бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола барои таъмин ва нигоҳдории сатҳи муайяни рушди иқтисоди миллӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззамми миллат сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷомеа сол то сол боло рафта ин нишондиҳанда барои ҳалли дигар масъалаҳои иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Аз тарафи Пешвои муаззамми миллат таъкид карда шуд, ки “Дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд.
Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон”. Дар ҳақиқат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва некӯаҳволии аҳолӣ яке аз ҳадафҳои муҳими мамлакат ба ҳисоб меравад.
Даромади пулии аҳолӣ низ яке аз самтҳои калидии рушди иқтисоди мамлакат ба ҳисоб рафта барои таъмин намудани сатҳи зиндагӣ нақши босазо дорад.
“Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расид.
Яъне нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт”. Ин ҳама ғамхориҳои Ҳукумату давлат баҳри таъмини зиндагии осоиштаи ҷомеа буда сол аз сол сатҳи зиндагии аҳолиро боло бурда нишондиҳандаи сатҳи камбизоатиро поён мебарад.
Чизи дигари муҳиме, ки дар паёми роҳбари давлат садо дод ин баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон ва аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат дар паёми худ ба маҷлиси олии кишвар баён намуданд, ки: “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.” Дар воқеъ масъалаи мазкур яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта барои ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ ва самаранок истифода намудани маблағҳои аҳолӣ заминаи муҳим мегузорад. Қобили қайд аст, ки роҷеъ ба масъалаи мазкур, яъне баланд бардоштани маърифати молиявии шаҳрвандон ва фарҳанги андозсупории онҳо тамоми зиёиёни мамлакат ва масъулини соҳаҳои дахлдор корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ пурзӯр намуда баҳри пешбурди ин соҳа саҳмгузор бошанд.
Инчунин роҷеъ ба масъалаҳои тақвият бахшидан ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат пешниҳод карда шуд, ки “Дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шавад”. Албатта чунин дастгириҳо ва пешниҳодҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат бори аввал набуда, балки пайваста ба роҳ монда мешавад. Зеро имрӯзҳо соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисоди мамлакат нақши калидӣ доранд ва барои пешбурди муносибатҳои иқтисодӣ иҷтимоии ҷомеа саҳмгузор мебошанд. Инҷунин қайд намудан ба маврид аст, ки маҳз бо ташаббуси соҳибкорон дар мамлакат объектҳои муҳими ҷамъиятӣ, бунёди иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба роҳ монда мешавад.
Ҳукумати мамлакат пайваста барои таъмини ҳадафҳои стратегии хеш талош варзида зина ба зина масъалаи мавриди амал қарор гирифтани он кӯшиш менамояд. Роҷеъ ба масъалаи мазкур дар паём аз тарафи Пешвои муаззами миллат таъкид карда шуд, ки : “Дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.
Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст”. Яке аз ҳадафи асосии стратегии Ҳукумати мамлакат ин саноатикунонии босуръат ба ҳисоб меравад. Маҳз ташаббуси ин ҳадаф, яъне саноатикунонии босуръат мамлакат метавонад ба кишвари содиротӣ табдил дода шавад. Зеро имрӯзҳо таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки маҳз тавассути рушди саноат, яъне истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир дар дохили мамлакат ва таъмини аҳолӣ бо он, баъдан содир намудани он ба хориҷи кишвар метавонад мамлакатро аз вобастагии молҳои берунии воридотӣ ҳифз намояд. Ба андешаи ман бунёди чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар мамлакат сари вақтӣ буда барои ба кишвари содиротӣ табдил додани Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар воқеъ вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллат таъкид ва пешниҳод намуданд, ки “Суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар ин давра дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад.
Хотирнишон месозам, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад”. Яъне ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи мазкур зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
“Дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд”. Албатта амал барои таъмини соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат заминаи муносиб фароҳам меорад.
Ҳамасола Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои муаззами миллат барои некуаҳволии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ғамхориҳои беназирро ба роҳ мондааст ва имрӯзҳо низ он мушоҳида карда мешавад.
Вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат дар самти таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, инчунин, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат супориш дода шуд:
“аз 1-уми сентябри соли 2025:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад;
– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад”.
Вобаста ба ин қайд намудан ба маврид аст, ки ҳадафи асосӣ ва олии Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ, таъмини ҳаёти осоишта ва солимии аҳолӣ ба ҳисоб рафта дар оянда низ ин нишондиҳандаҳо тадриҷан боло рафта таъмини барномаи дарозмуҳлати стратегияи миллии рушди иқтисодӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Аз ин ҷо хулоса намудан мумкин аст, ки нақши паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таъмини рушди низоми дастгирии бахшҳои калидии иқтисодиёт дар ҶТ бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Маҳз сиёсати хирадмандона ва фаъолияти пурсамари Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад,ки дар оянда низ сулҳу субот, амнияти ҷомеа, рушди иқтисодӣ ва пешравии бахшҳои мухталифи иҷтисодиёт ба назар расанд ва мо ҷавонон, соҳибкорон, зиёиёни кишвар ва тамоми аҳолии ҷумҳурӣ аз як гиребон сар бароварда ватанамонро обод кунем ва барои наслҳои ояндаамон мероси бебаҳо гузорем.
Алишоев Х.Ҳ. н.и.и., дотсент., мудири кафедраи “Молия”-и ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *