ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ: РОҲНАМОИ ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ

(дар ҳошияи Пёеми Пешвои Миллат Президенти ҶумҳурииТоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28.12.2024)
Воқеан, Паёми Пешвои муаззами миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки ҳамасола чун анъанаи миллӣ ва тақдирсози миллат ва китоби рӯйи миззи ҳар як шахрванди тоҷикистони мебошад, баргузор гардид. Паёми имсола ба самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуда, боз ҳам барои пурмасъуляит гаштани ҳамаи сохторҳои давлатӣ, шахсони алоҳида, гурӯҳи олимону мутахассисон ва ҳар як фарди бо нагу номуси тоҷик аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Сиёсати дохили ва хориҷии мамалакат асоси пояи давлатдорӣ, устувор гардидани тамоми сохторҳои давлатӣ ва қудратии Тоҷикон дар ҳама давру замон ба шумор меравад. Ҷаҳони глобали имрӯз моро маҷбур месозад, ки дар саҳнаи байналмилалӣ фаъолияти пурсамарро дар самтҳои гуногун ва муаммоҳои ҷойдоштаи минтақавию ҷаҳонӣ барои ҳаллу фасли онҳо якҷоя бо лоиҳаҳои пешгирикунанда мубориза барем.
Иқтибос аз гуфтаҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ин чунин аст: “Вазъи ноором ва равандҳоипуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои бӯҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошад. Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳануз дар масири дарёфти роҳҳои муносибаи ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад.
Бо дар назардошти ин омилҳо, моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба аҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа тақвият диҳем. Иштироки фаъол дар равандҳои ҷаҳонӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои умдаи аҳли башар аз авлавиятҳоест, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд”.
Дар ҳақиқат, сиёсати имрӯзаи чаҳонӣ хеле нигарон аст ва мо бояд ҳамавақт зиракии сиёсиро аз даст надода, хушёрии миллиро бояд бедор созем. Тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва мутахассисони варзидаи соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, дурнамошиносон, таҳлилгарон ва экспертонро бо донистани забонҳои хориҷӣ тайёр намоем. Инчунин нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар ва минтақа аз муҳимтарин ҷанбаҳои хаётан зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Нуқтаҳои асосӣ аз Паём “Дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст. Бо дарназардошти ин вазъ, моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд. Зеро ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ ба эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ мусоидат менамояд”.
Расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва арҷ нигоҳ доштани пояи давлатдорӣ сарчашма аз давлатҳои сулҳофарин аст, ки танҳо давлати орому субот метавонад кишварро дар минтақа ва ҷаҳон муаррифи намуда ташаббускори сулҳ ва субот дар тамоми ҷаҳон бошад.
Ин гуфтаҳо далели он ташабусҳои Пешвои миллат Президенти маҳбуби кишвар Эмомали Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ва Анҷумани СММ ки моҳи сентябри соли равон баромад намуда “Даҳсолаи Таҳкими Сулҳ барои наслҳои оянда” аз ҷониби кишварҳои олам пазируфта шуд.
Вобаста ба ин “Моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об доир гардид. Кишвари мо дар идомаи ташаббусҳои созандаи худ дар арсаи байналмилалӣ доир ба пешбурди мавзӯъҳои обу иқлим соли 2025-ум дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид мизбони аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.
Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.
Боиси ифтихор аст, ки анҷуманҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баргузор мегардад, ин бори дигар далел аз он аст, ки давлати мо офарандаи сулҳ ва субот дар тамоми ҷаҳон мебошад. Амалан мо ҳамеша бо дастовардҳои бузурги кишварамон мефахрем ва кушиш мекунем, ки дар саҳнаи байналмилалӣ мақому мазалати тоҷик аз ин ҳам волотар бошад.
Мирсаидзода Фаридун Аврор
мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсатшиносии Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДБССТ
Икромова Маҳина Нумоновна
муллими калони кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсатшиносии Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *