Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024.
Ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар баргузор гардид, оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандуристӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот рушди муносиботи дўстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян намуданд.
Паёми Президенти кишвар чун Паёмҳои қаблӣ ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамоянд, ки ҷумҳурии мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад.
Қобили зикр аст, ки ҳар як Паём дар худ барои шарҳвандон башорати нек дошта, онҳоро ба ояндаи дурахшон боз ҳам наздиктар месозад. Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми хубе ба роҳмонда шудааст, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтироми зан-модар, омузиши забонҳои хориҷӣ, омода кардани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо мебошад. Чунончӣ, дар Паёми имсола қайд гардид дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.
Дар Паёми зикршуда ба масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияҳои муосир, ташкили истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатнок бо арзиши баланди иловашуда, пайванди илм бо истеҳсолот ва ташаккул додани иқтисодиёт бо дониш ва ихтироъкориву навоварӣ асосёфта, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шуд.
Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аслан бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир, махсусан таъсири буҳронҳои ҷаҳонӣ баён гардида, омодагии кишвар барои бартараф намудани оқибатҳои он ва таъмин кардани рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаро афзалиятҳои асосии сиёсати давлату ҳукумат муаррифӣ менамояд. Таъкид гардид, ки «вобаста ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрўза ва таъсири манфии онҳо Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти муқовимат ба таҳдиду буҳронҳо, ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигаронидашуда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, дастрасии молиявию дастгирии соҳибкорӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди сабз тақвияти бештар бахшад».
Бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта, қабл аз ҳама вазифаи ҷонии ҳар фард новобаста ба кору фаъолият ба ҳисоб меравад. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрўза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақта босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.
Кайд гардид, ки шаҳрвандони кишвари азизамон бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлату миллат ба Ватанро дошта бошанд ва баҳри ободиву шукуфонии он софдилона меҳнат намоянд ва музаффариятҳои Истиқлоли давлатиро ҳифз намоянд.
Пирова Ш. С. – ассистенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг,
Рустамова Г. Р.– омузгори кафедраи забон ва адабиёти руси ДБССТ