ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РОҲНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Ҳамасола бо ба анҷом расидани соли ҷорӣ паёми президенти кишвар барои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба маҷлиси олии мамлакат ироа мегардад ва соли ҷорӣ он дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Дар соли сипаригардида мардуми шарафманди тоҷик 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд, қайд карда шуд дар суханронии Президенти мамлакат.
Мусалам аст, ки ҳамасола дар ҳисоботи солона нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ироа мегардад. Дар доираи ин барои якчанд самтҳои калидии иқтисодиёт, аз ҷумла ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорон як қатор сабукию имтиёзҳо пешниҳод мегардад. Нуқтаҳои асосие, ки дар паёми имсола зикр гардидан ин имтиёзҳои андозӣ ба шумор мераванд, ки чунин зикр карда шуд.
Иқтибос аз паём: Танҳо дар 11 моҳи соли 2024 аз ҳисоби санҷиши 1150 андозсупоранда ба буҷети давлат иловатан 1 миллиарду 640 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯйӣ карда истодааст.
Татбиқи ислоҳот дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор имкон дод, ки то имрӯз шумораи мақомоти санҷиш аз 31 то ба 23 ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 300 ҳазори соли 2016-ум то 42 ҳазор дар соли 2024-ум кам гардад.
Аз ҷумла муқаррароти дар Кодекси андоз доир ба роҳандозии санҷишҳои андоз тибқи низоми идоракунии хавфҳо имкон дода истодаанд, ки шумора ва муҳлати гузаронидани онҳо маҳдуд ва сифатнокӣ таъмин карда шавад.
Иқтибос аз паём: Тибқи маълумот соли 2023 нисбат ба соли 2014 шумораи санҷишҳои андоз дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ду баробар кам гардидааст.
Вале маблағҳои дар натиҷаи санҷишҳо ошкор ва пардохтшуда чор баробар афзоиш ёфтаанд.
Чунин ҳолат гувоҳи риоя нагардидани қонунгузории андоз аз ҷониби баъзе субъектҳои хоҷагидор ва сатҳи пасти фарҳанги андозсупории онҳо мебошад.
Бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур аст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат кам кардани шумораи санҷишҳо бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шуд. Вобаста ба ин масъала метавон пешгӯи кард, ки шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар оянда афзоиш ёбад ва барои рушди соҳаҳои асосии иқйтисодиёт нақли калидиро иҷро намояд.
Дар доираи ҳамин гуфтаҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи андозро вазифадор намуданд, ки оид ба такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз аз фоида барои корхонаҳое, ки фаъолияти истеҳсолии навро ба роҳ мондаанд, дар муҳлати ду моҳ санадҳои дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Дар доираи ин гуфтаҳо зикр карда шуд, ки Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Қобили зикр аст, ки дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Инчунин аз тарафи Пешвои миллат яқ қатор пешниҳодҳо ба роҳ монда шуд:
1. Ҷиҳати тақвият бахшидан ба ташкилотҳои қарзӣ ба Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода мешавад, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намоянд, нишондиҳандаи мазкур то охири соли 2027 бояд ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида шавад.
2. Такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
3. Рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
4. Солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Хулоса, паёми президенти кишварро ҳамасола метавон як роҳнамои тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва иқтисодӣ – иҷтимоии ҷомеа номид, зеро он фарогири ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва робитаҳои хориҷии мамлакат мебошад.
Ассистенти кафедраи молияи ДБССТ – Ҷобиров Д.М.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *