ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ РАҲНАМО ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2024)
Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мазмунан сермуҳтаво, фарогири паҳлуҳои мухталифи иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар умум ҳаётӣ буда, барои ҳар яки мо роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад ва баҳри амалӣ гаштани онҳо саъю талош менамоем.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола дар Паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамонро муфассал таҳлил намуда, ҷиҳати рушду такомули соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва илму фарҳанг пешниҳодоти ҷолибе намуданд, ки ба андешаи ман, баҳри пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа чун ҳуҷҷати раҳнамо хизмат менамояд. Ин ҳуҷҷати муҳим фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд.
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таҳлили рушди ҳамаҷонибаи мамлакат барои солҳои оянда аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба дурнамои рушди ояндаи Ватан бо овардани далелҳои мўътамад назари некбинона карданд. Зеро ин ҳуҷҷат, ки метавон онро дастури роҳнамои фаъолият дар давоми сол номид, вазифаҳои мо ба таври мушаххас муайян гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки аз Паёми гузашта то Паёми имсола хеле дигаргуниҳо ва дастовардҳои назаррас ба амал омаданд. Дар заминаи амалӣ гардидани чораву тадбирҳо ба пешравии кишвар ва ҳалли масъалаҳои муҳими он заминаи қавӣ гузошта шуд.
Ҳарчанд иқтисодиёти муосири Тоҷикистон хусусиятҳои иқтисоди давраи гузаришро пурра таҷассум менамояд, вале дар навбати худ ҳамчун иқтисоди кушод ба андозаи муайян таҳти таъсири бевоситаи омилҳои беруна ва шароити бозори ҷаҳонӣ қарор дорад. Бинобар ин, барои минбаъд низ дар сатҳи устувор нигоҳ доштани рушди иқтисодиёти кишвар ва пешгирӣ намудани таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ бо он, пешбурди сиёсати бомароми молиявӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва таъмин намудани ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Аз ҷумла, дар шароити асосии замони муосир ҳадафи асосии давлат пеш аз ҳама таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Дастгирии соҳибкорӣ самти афзалиятноки ҳукумату давлат ба шумор рафта, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Бо вуҷуди ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои беҳсозии сиёсати соҳа ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвият бахшидан ба рушди истеҳсолот, иқтидори содиротӣ, рақобатпазирӣ ва воридотивазкунии маҳсулот тавассути роҳандозии босамари шарикии давлат ва бахши хусусӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ба ин нуқта мароқ зоҳир намудан албатта бесабаб нест, зеро тайи фаъолияти ҳамарўзаи хеш мо бо ин гурўҳи ҷомеа, яъне тоҷирону соҳибкорон сарукор дорем. Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид омадааст, ки: «Бо мақсади танзими самараноки бозори меҳнат зарурати таҳияи сиёсати фаъоли шуғли аҳолӣ ва механизмҳои самарабахши ташкиливу иқтисодии бунёди ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт ба миён омадааст. Аз ин рӯ, бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ бояд зери таваҷҷуҳи доимии тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ қарор дода шавад».
Аз ин рў яке аз самтҳои фаъолияти навбатии мо дар татбиқи Паём-2024 аз он иборат аст, ки ин пешниҳоди Президенти мамлакатро дар байни соҳибкорон ҳаллу фасл намоем.
Баъди омўзиш ва баррасии ин ҳуҷҷати муҳим барои амалӣ гардидани нишондодҳои Паём нисбати рушди соҳибкории хурдумиёна ва озодиҳои иқтисодӣ, муносибат бо соҳибкорон, тарзи корбарии кормандон бояд куллӣ таѓйир дода шавад.
Бояд эътироф намоем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон нерўи созандагӣ ва саъю кўшиши бунёдкоронаи ҳамдиёронамон барои ободонии кишвар хеле афзуда, сатҳи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, масъулияти ватандорӣ ва шаҳрвандии онҳо хеле боло рафтааст.
Вақти он расидааст, ки ҳар яки мову шумо бо рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори неки худ намунаи ибрати дигарон бошем ва зимни фаъолияти худ новобаста аз он, ки дар кадом соҳа фаъолият дорем, дасту дили пок дошта бошему дар ҷараёни фаъолияти ҳамарўзаи хеш ба ин масъала аҳамияти махсус диҳем.
Давлатзода Эҳсон Давлат, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *