ПАЁМ ТАРҒИБГАРИ ҶАВОНОН ДАР РУШДИ ИЛМУ ИННОВАТСИЯ

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
Чуноне шоҳид гаштем дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28.12.24 ироа гардид, дар он тамоми паҳлуҳои сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас муайян намуданд. Президенти Ҷумҳурӣ Пешвои миллат дар баробари пешбурди масъалаҳои дар боло зикргадида, инчунин дар масъалаи низоми маориф, мактаб илмомузӣ ва омода намудани кадрҳои баландпояи соҳаҳои гуногуни ҷомеа, ки имрузҳо ҷомеаи мо ба ингуна кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯй ниёз дорад дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва қайд намуданд, ки “То вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳамагуна ҷиноятҳои сангину пешгуйишаванда боқӣ хоҳанд монд”. Аз ин бармеояд, ки системаи маориф дар сиёсати Пешвои миллат пайваста дар мадди аввал қарор гирифта, ҳамеша дар паи тарғиби илмомӯзии ҷавонон ҳастанд, чун ташкил ва ба роҳ мондани озмунҳоро барои дарёфти истеъдодҳои болаёқати соҳаҳои гуногун сари вақти ва зарурӣ арзёбӣ карданд. Дар робита ба ин дар Паёми имрӯза Президенти кишвар зарурияти ташкил ва ба роҳ мондани озмунҳо аз қабили “ Фурӯги субҳи доноӣ китоб аст” “ Илм фуруғи маърифат” “ Тоҷикистон ватани азизи ман” “ Тоҷикон дар оинаи таърих” ва гайраҳоро яке аз масъалаҳои таҳкимбахш ва саривақтӣ дар байни ҷавонон шуморида, саҳми ҷавонони болаёқатро дар рушд ва пешрафти ҷомеа назаррас арзёбӣ карданд, чун ҷаҳони имрӯзаро бидуни пешрафти илму маориф ва теникаву тенологияи муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст. Президентии кишвар ҷомеаи бе илму маориф ва ҷавонони беилму бемаърифатро барои ҷомеа хатарнок шуморида, пешгирӣ аз таҳдидҳои афзояндаи шомилшудани онҳо ба гуруҳҳои тундраву ифротгароро сабаби аз илмомӯзи дур мондани ҷавонон арзёбӣ карданд. Дар Паём инчунин масъалаи ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ шурӯъ аз муассисаҳои таҳсилоти то мактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ҷиҳати иҷро қарор қабул карда шуд.
Маҳз вобаста ба тақвияти масъалаи болозикр дар Паёми имсолаи сарвари давлат ироа гардида, ин ташаккул ва вусъат башидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои тенологияи рақамӣ дар иқтисодиёт буда, вобаста ба ин сарвари давлат солҳои 2025-2030- ро “ Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд ва ҷиҳати иҷрои он ба масъулин дастуру супоришҳои махсус доданд. Чунин иқдоми навбатии Пешвои миллат ин ҳам бошад, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи рақамӣ дар кишвар мебошад.
Ҳамчунин, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Паёмҳои қаблӣ дар Паёми навбатии хеш мақому манзалати зан модарро дар ҷомеа баланд бардошта чунин таъкид намуданд: “Мо ба неруву ташаббусҳо ва қувваи бузурги занон бонувон эътимод дорем ва ҳамеша ба онҳо арҷ мегузорем, чун Зан Модар мавҷудоти муқадасест, ки аз онҳо ҳатто пайгамбарону саҳҳобаҳо ва абармардону каҳрамононҳо ба дунё омада бар камол расидаанд”. Зикр намудан ба маврид аст, ки Президенти кишвар мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳоро дар бунёди ҷомеаи муосир назаррас арзёбӣ намуданд. Вокеан зан модар ҳамеша ба мисли кони муҳаббатаст ва танҳо ӯ дар тарбияи насли солим, саҳми арзишманди худро дар бунёди ҷомеаи солим гузошта метавонад.
Пас мо занон модарон ва омӯзгоронро мебояд дар радифи шукргузорӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар пайравӣ намуда, ҷавобан ба ғамориҳояшон камари ҳиммат баста, дар таълим, омӯзиш ва тарбияи дурусти насли наврас ва омода намудани мутаассисони баландарзишӣ сатҳи ҷаҳонӣ ва инчунин дар рушду нумуъ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми босазое гузошта бошем. То тавонем пайравони асили Пешвои миллат бошем, худ ва миллати худро дар оянда мутаҳҳиду сарҷамъ нигоҳ дошта, тамоми саъю талошро ҷиҳати ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзу манфиатҳои давлату миллат ва ободии ватани азизамон равона карда бошем.
Курбонова М.М. – муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ
Асадуллоева З.Р. – ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *