РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ МАМЛАКАТ

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки муаянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ҳадафҳо ва масъалаҳое вазифагузори карда мешаванд, ки дар рушди устувории давлат ва пеш аз ҳама ба сатҳ ва сифати зидагии шоистаи мардум нигаронида мешавад. Пешвои миллат зимни баргузории Паёми имсола қайд карданд, кӣ “Мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаи ҷомеаи мутамаддинро доранд” Соҳаи энергетика, ки яке аз соҳаҳои ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад ва яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат мебошад. Дар ин самт талошу кушҳои шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат равона мегардад. Дар паёми имсола қайд карда шуд, ки “Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Қайроққум” ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи “Себзор” ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.
То имрӯз ду агрегати неругоҳи “Норак” ва се агрегати неругоҳи “Қайроққум” пурра навсозӣ карда шуд. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи “Қайроқум” иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад.
Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи “Норак” таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи “Себзор” бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад.
Яъне иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд. Воқеан дар сурати пурра навсозӣ ва таъмири неругоҳҳо Тоҷикистон метавонад дар арсаи байналмилали яке аз кишварҳои пешсаф дар тавлиди неруи барқ гардад. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад.
Имрӯзҳо бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст.
То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи “Роғун” ба анҷом расонида шудаанд.
Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
Дар ин ҷода бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ҷалби маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ (ё 3 миллиард доллар), аз ҷумла 12,5 миллиард сомонӣ грант (ё 1 миллиарду 150 миллион доллар) идома доранд.
То имрӯз созишномаҳои маблағгузории иншооти неругоҳ бо 6 созмон дар ҳаҷми умумии 10 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 3,8 миллиард сомонӣ грант ба имзо расонида шуда, соли 2025 маблағгузорӣ аз ҷониби онҳо оғоз мегардад.
Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар “Роғун” ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад. Дар маҷмуъ, вусъатбахшии корҳои сохтумонию азнавсозии неругоҳҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои ҳарчи зудтар ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ мусоидат хоҳад намуд. Бояд гуфт, ки бо талошу кушишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи қавии мардуми шарафманди тоҷик мо ба ҳама ҳадафҳои олии худ аз ҷумла истиқлолияти комили энергетики расида метавонем.
Ятимов Амирхон Ҷурахонович
н.и.и., дотсенти кафедраи технологияҳои
иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *