РАЁСАТИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон воҳиди сохторие мебошад, ки барои ташкил ва густариши ҳамкории байналмилалии муассиса дар соҳаҳои фаъолияти академӣ, рушди стратегӣ, илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ таъсис дода шудааст.

Ҳадафи раёсати робитаҳои байналмилалӣ роҳандозӣ ва ҳамоҳангсозии иштироки донишгоҳ дар барномаҳои ҳамкории байналмилалӣ мебошад, ки ба баландбардории сифати омодасозии мутахассисон, ташкили табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон, амалисозии таҳқиқоти илмии муштарак, барномаҳои таҳсилотии муштарак, таҳсилоти дудиплома, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои грантӣ ва дар маҷмуъ ба баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. 

Самтҳои асосии фаъолияти раёсати робитаҳои байналмилалӣ инҳо мебошанд:

  • иштироки фаъол дар ташаккул ва татбиқи сиёсати донишгоҳ дар самти робитаҳои байналмилалӣ;
  • рушди робитаҳои самарабахш ва мутақобилан судманд бо муассисаҳои таълимии пешбар ва марказҳои илмии мамолики хориҷӣ;
  • таҳияи ва амалисозии барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилот ва илм;
  • ташкили иштироки фаъоли донишгоҳ дар ассотсиатсияҳои байнидонишгоҳии байналмилалӣ;
  • ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои байналмилалӣ;
  • мусоидат ба иштироки фаъоли воҳидҳои сохтории донишгоҳ дар амалисозии барномаҳои таҳсилотии байналмилалӣ;
  • таъмини иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар барномаҳои табодули академӣ;
  • мусоидат дар ташкили курсҳои такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорини донишгоҳ дар хориҷи кишвар;
  • амалисозии фаъолияти байналмилалӣ, маҳз бастани созишномаҳо ва шартномаҳо бо муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони хориҷӣ;
  • мусоидат ва дарёфти грантҳои илмӣ ва таҳсилотии байналмилалӣ;
  • ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил, омодагӣ ва гузаштани курсҳои такмили ихтисос дар донишгоҳ;

Дар раёсати робитаҳои байналмилалии донишгоҳ марказ ва шуъбаҳои зерин фаъолият менамоянд:

  • Маркази барномаҳои таҳсилотии муштарак
  • Шуъбаи барномаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо
  • Шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ

МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ ТАҲСИЛОТИИ МУШТАРАК

Маркази барномаҳои таҳсилотии муштарак воҳиди сохтории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буда, ҳадафи асосии он рушди ҳамкориҳои  байналмилалӣ он роҳандозии барномаҳои таҳсилотии муштарак бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар мебошад.

Самтҳои асосии Маркази барномаҳои таҳсилотии муштарак инҳо мебошанд:

  • ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолият бо воҳидҳои сохтории донишгоҳ ҷиҳати ташкил ва амалисозии барномаҳои таҳсилотии муштарак, таҳсилоти дудиплома бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар;
  • муайянсозӣ ва таҳияи пешниҳод оид ба самтҳои афзалиятноки татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак дар донишгоҳ;
  • роҳандозӣ ва дастгирии машваратии табодули академии донишҷӯён, магистратон ва докторантони донишгоҳ дар доираи татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак;
  • таҳияи созишномаҳо оид ба татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак ва ҳамоҳангсозии шароит барои ташкили табодули академии донишҷӯён, магистрантон ва докторантон бо донишгоҳҳои шарик;
  • расонидани кӯмаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ ба донишҷӯён, магистрантон ва докторантон ҷиҳати иштирок дар барномаҳои таҳсилотии муштарак;
  • мувофиқасозии барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ ҷиҳати ташкил ва татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак;
  • мониторинги раванди татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак дар донишгоҳ.

ШУЪБАИ БАРНОМАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО

Шуъбаи барномаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо бо ҳадафи таҳия ва татбиқи барнома ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъсис дода шуда,  вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд:

  • банақшагирии иштироки воҳидҳои сохтории донишгоҳ дар таҳия ва амалисозии барномаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳо
  • иштирок дар озмунҳо ҷиҳати ба дастовардани грантҳо;
  • ташкили иштироки фаъоли ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён дар озмунҳо ва грантҳо доир ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ бо ҳадафи ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи он;
  • роҳбарӣ намудани раванди барасмиятдарории ҳуҷҷатгузории дархостҳои озмунӣ баҳри иштироки донишгоҳ дар барномаҳо ва лоиҳаҳои илмӣ, таҳсилотӣ, эҷодӣ ва инноватсионӣ, инчунин ба даст овардани грантҳо;
  • расонидани кӯмаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ ба кормандону донишҷӯён зимни таҳияи дархостҳои грантӣ баҳри иштирок дар озмунҳо ва грантҳо;
  • ҳамоҳангсозии робитаҳои донишгоҳ бо фондҳои сармоягузорӣ ва дигар ташкилотҳо, ки маблағгузории таҳқиқот, омодасозии кадрҳо ва рушди фаъолиятро маблағгузорӣ менамоянд;
  • мусоидат дар самти барасмиятдарории дархостҳо ва дастгирии методӣ ҷиҳати иштирок дар барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо;
  • мониторинг ва коркарди иттилоот оид ба лоиҳаҳо ва грантҳо.

ШУЪБАИ КОР БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ВА ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ

Шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ фаъолияти худро дар асоси Оинномаи донишгоҳ ба роҳ монда, вазифаи асосӣ он банақшагирӣ, ташкил ва назорати ҳамагуна шакли корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин ташкили табодули академии донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мебошад.

Шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд:

  • ба ҳайтаи профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён додани маслиҳат оид ба табодули академӣ семинару курсҳои кутоҳмудат берун аз кишвар;
  • омода кардани намоишнома ва маълумоти иттилоотӣ доир батабодули академикӣ;
  • муаррифӣ намудани донишгоҳ дар семинарҳои байналмилалӣ, вохӯриҳо дар хориҷӣ кишвар барои табодули академӣ;
  • тайёр намудани нақшаи кории бахши кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ уҳдадориҳои зеринро иҷро менамояд:
  • таҳия ва пешниҳоди саривақтии ҳуҷҷатҳои номзад барои сафар ба мамлакатҳои хориҷӣ дар доираи табодули академӣ;
  • саривақт ҷавоб гардонидан ба мукотиботи дохилӣ ва хориҷӣ доир ба самти фаъолият;
  • иҷрои саривақтии муқаррароти шартномаҳо ва созишномаҳое, ки байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соoибкории Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои хориҷи баста шудааст;
  • ҷамъбаст ва таҳлили мавод оид ба самаранокии муносибаҳои илмиву методӣ ва байналмилалии донишгоҳ;
  • коркард ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самараноки дар самти кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ;
  • тартиб додан ва ҳамоҳанг намудани ҳисоботҳои ҷорӣ ва иттилоот дар бораи фаъолияти бахши кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ;
  • иҷроиши саривақтии қарор ва фармоишҳои ректор;
  • омода намудани ҳисоботҳои семоҳа, шашмоҳа, нӯҳмоҳа ва солонаи бахши кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ;
  • назорати раванди ҳуҷҷатгузории кор бо донишҷӯёни хориҷӣ ва табодули академӣ;
  • ҷустуҷӯи шарикон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ва ташкилотҳои байналмилалӣ оиди табодули академӣ;
  • омода кардани пешниҳодҳо барои татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва усулҳои нави муосири таълим.