РАЁСАТИ ТАЪЛИМ
Фаъолияти раёсати таълими Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ташкили бонизоми раванди таълим бо мақсади таъмини омодасозии мутахассисони баландихтисосу навовар дар зинаҳои бакалавр ва магистр, инчунин таъмини иҷроиши талаботи стандартҳои таҳсилотӣ, мутамарказонии корҳои таълимӣ ва ташкилию методии ҳайати илмӣ-омӯзгории донишгоҳ равона гардидааст.
Вазифаҳои раёсати таълим:
- назорат ва идоракунии сифати барномаҳои таълимӣ (мутамарказонидани корҳои вобаста ба таҳияи нақшаҳои нави таълимии таҳсилоти олии касбии шаклҳои таҳсили рӯзона ва фосилавӣ, назорати мутобиқати нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои кории фанҳои таълимӣ бо стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳо оид ба иҷозатномагирӣ ва аккредитатьсияи давлатии барномаҳои таҳсилотӣ);
- назорат ва идоракунии сифати ташкили раванди таълим (мутамарказонии кори деканатҳои факултетҳо ва кафедраҳо оид ташкил, банақшагирӣ ва татбиқи барномаҳои таҳсилоти олии касбии шакли таҳсилоти рӯзона ва фосилавӣ; назорати ҷадвали раванди таълим ва иҷроиши нақшаҳои таълимӣ; истифодаи мақсадноки фонди аудиторӣ, банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён, кори деканати факултетҳо оид ба таҳияи фармоишҳо оид ба ҳаракати контингенти донишҷӯён; омодасозии ҳуҷҷатҳо барои таъини стипендияҳои номӣ ба донишҷӯён, таъмини зерсохторҳо бо бланкаи ҳуҷҷатҳо);
- назорат ва идоракунии сифати кори ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ (назорати сарбории таълимии ҳайати илмӣ-омӯзгории кафедраҳо, омодасозии мавод оид ба ҳисоби воҳидҳои кории ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ, мавод барои тасдиқи раисони АДХ ва фармоишҳо оид ба ҳайати АДХ; назорати такмили ихтисоси ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ);
- назорат ва идоракунии сифати таҳсилот (дар якчоягӣ бо факултетҳо, кафедраҳо ва маркази бақайдгирӣ ва тестӣ баргузор намудани мониторинги сатҳи дарсазхудкунии донишҷӯён, пешниҳоди маълумот барои мониторинги фаъолият (рейтинги мактабҳои олӣ), иштирок дар ташкил ва баргузории конфронсҳои методии донишгоҳ, омодасозии ҷаласаҳои Шӯрои илмӣ-методӣ).
Зерсохторҳои раёсати таълим
- Маркази бақайдгирӣ ва тестӣ;
- Бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон;
- Бахши омор;
- Танзимгарон.