РАҚАМИКУНОНИИ ГУМРУКӢ – ОМИЛИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ГУМРУКӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
14 январи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи касбии кормандони макомоти гумрук семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Рақамикунонии гумрукӣ – омили афзалиятноки рушди хизматрасониҳои гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия зимни баромади хеш кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳозиринро аз номи роҳбарияти Донишгоҳ бо фарорасии Рӯзи касбии кормандони мақомоти гумрук шодбош намуд.
Қайд карда шуд, ки баррасии мавзуи болозикр дар замони муосир аҳамияти хос дорад, зеро рақамикунонии хизматрасониҳои гумрукӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти гумрукӣ, коҳиш додани монеаҳо дар тиҷорати байналмилалӣ ва таъмини шаффофият дар раванди иҷрои қонунгузории гумрукӣ мебошад. Рақамикунонии гумрукӣ, на танҳо як тамоюли глобалӣ, балки як зарурат барои таҳкими зербинои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Бо ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ба фаъолияти гумрукӣ, на танҳо шароит барои суръат бахшидан ба расмиёти гумрукӣ фароҳам мегардад, балки сатҳи хизматрасониҳо ба шаҳрвандон ва шарикони тиҷоратӣ низ такмил меёбад.
Сипас, Маҳмадҷонов М.Д. – муовини сардори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шодиев С.Р. – сардори шуъбаи хизматрасонӣ ва такмили системаҳои иттилоотӣ, маъмурияти системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи ягона (СИАЯ), Шоҳназари Х.Ғ. – майори хадамоти гумрук, н.и.и., дотсент ва Амиров М.С. – дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо маърӯза баромад намуданд.
Дар охир, меҳмонон ва як қатор омӯзгорони кафедраи фаъолияти гумрукӣ тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи касбии корамндони мақомоти гумрук бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *