Истиқлолият яке аз мафҳумҳои ниҳоят муқаддас ба ҳисоб рафта, ба даст овардани он барои ҳар кишвари сулҳхоҳ яке аз муваффақиятҳои асоситарин ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар вартаи порашавӣ қарор дошт. Ҷанги бародаркуш ба ҳазорон хонаи мардуми кишвар азияту ғаму ғуса овард. Хушбахтона ба сари ин миллати куҳанбунёд фарзанди фарзонаи ин сарзамин 27 ноябри 1992 Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Ҳар шаҳрванди баору номуси Ватан, ки рушду нумуи кишварро бо чашми хеш мебинад, дар манзари ҳамаи ин рушду нумуъ маҳз симои Пешвои миллатро пеши назар меорад. Пеш аз оне, ки сухан дар бораи ин муваффақиятҳо гӯем сараввал ба 33 сол пеш, аввалин лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолияти кишвар назар меафканем. Маҳз, пас он метавон бо тамоми ҳасти дарк намуд, ки чӣ гуна ин фарзанди фарзонаи миллат хизматҳои қаҳрамононае баҳри осудагии ин мардуми шарифи сарзамин кардааст.
Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти комил кишвари ҷавони Тоҷикистон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ фуру рафт ва дар ин давра мардуми ин сарзамин рӯзҳои даҳшатноктарини хешро бо чашми сар диданд. Қатл, куштор, таҳдиду хатарҳо ба дари ҳар як хонадони тоҷик тарсу даҳшат ва ноумедиро ворид намуд. Нурпошии офтоб дар қалби мардум доим шаби торикро мемонд. Гулхани нуру умед маҳз бо талошу ҷонфидоиҳои Пешвои миллат ба даст омад.
Бузургтарин дастоварди сарвари давлат, бешубҳа, барқарор кардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.
Дар даврони истиқлолият тамоми бахшҳои ҷомеа давра ба давра беҳтар гардида, дар онҳо таҳаввулоти ҷиддӣ азнавсозиҳо ба вуҷуд омадаанд. Махсусан, татбиқи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар тамоми қишри кишвар бо ташаббуси сарвари муаззами миллат таҳаввулоти наверо ба вуҷуд оварда истодааст.
Алалхусус, дар даврони истиқлолият таҳия ва қабул гардидани ҳуҷҷат ва санадҳои зиёде, ҷиҳати такмил додани низоми амалисозии ТИК ва компютерикунонии соҳаҳои мухталиф, шаҳодат аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ниҳояд зиёди Президенти мамлакатро ба он дарак медиҳад. Алалхусус, амалинамоии рақамикунонии мамлакат яке аз ҳадафҳои ояндадорӣ кишвар арзёбӣ гардида, аз тарафи Пешвои миллат дар тамоми баромадҳояшон он батакрор садо медиҳад. Барои расидан ба ин ҳадафҳо то ба имрӯз бо ташаббуси роҳбари давлат барномаю консепсияҳои зиёда таҳия ва ба имзо расидаанд. Аз он ҷумла, «Барномаи давлатии компютеркунонии муасисаҳои таьсилоти умумӣ барои солҳои 2011 – 2015» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, № 416), «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2011с., №643, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «30» декабри соли 2019, №642) ва ғ. Ҳамзамон, дар заминаи Паёми Сарвари давлат 22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба имзо расид, ки тибқи он аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ (хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.
Дар такя ба ҳадафҳои некбинонаи сарвари давлат ҷиҳати татбиқи самараноки ТИК, дар доираи амалишавии барномаю консепсияҳои болозикр ва дигар барномаҳо ҷиҳати татбиқи он барои рушди кишвар таҳия гардида, он бо мақсади амалишавии ҳадафҳои зерин равона карда шудааст:
– Таъмин ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои нави муосири ТИК;
– Дастрасӣ ба омӯзиши воситаҳои компютерӣ ба хонандагон ва донишҷӯён;
– Таъмини шаффофонаи мубодилаи иттилоот ба сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ;
– Таъмини ТИК дар раванди тамоми самтҳои иқтисодӣ ва иштирокӣ он дар раванди муносибатҳои иқтисодӣ;
– Таъмини шаффофияти раванди муносибатҳои пулӣ ва таъмини назорати онҳо;
– Иштирок дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ва ҳамеша омода будан дар таъмини иттилооти солим дар ҷаҳони муосир ва ғ.
Чуноне, ки аз ин гуфтаҳо бармеояд, бо ташаббусҳои созандаи сарвари давлат Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафмандонаи технологияҳои нави иттилоотӣ да тули 33 соли Истиқлолияти давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, амалишавии онҳо муҳим ва саривақтӣ мебошанд.
Дар бораи саҳми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иқтисоди миллӣ боз метавон далелҳои зиёд овард. Аз ҳама муҳим, айни замон тавре ҳамагон шоҳид ҳастем, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Пешвои миллат барои муҳайё намудани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ин ҳама муваффақияту музаффариятҳо ҳар фарди баору номуси ватан, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста саҳмгузор бошанд.
Дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти рақамии ДБССТ, Давлатов Раҳматулло Ҷурабекович