Ректор

Асрорзода Убайдулло Саттор
Тел.: (+ 992 37) 234 88 02
E-mail: rector@iutet.tj
Қабули муроҷиаткунандагон:
Сешанбе – 1000-1200
Шанбе – 1000-1200

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Убайдулло Асрорзода – ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.

Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, то имрӯз дар вазифаҳои масъули соҳаи илму маориф фаъолият дорад. Аз соли 2020 ҳамчун ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон ва аз соли 2022 бо табдили донишкада ба донишгоҳи байналмилалӣ ба сифати ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад.

Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии профессор Убайдулло Асрорзода бо рушди соҳаи сайёҳиву соҳибкорӣ, ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар масоили мубрами рушди иқтисоди ҷаҳон алоқаманд мебошад.

Профессор Убайдулло Асрорзода муовини раиси Шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар соҳаи сайёҳӣ, маркетинг ва соҳибкорӣ мебошад. Муаллифи 5 монография, 6 китоби дарсӣ ва зиёда аз 80 мақолаи илмӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва иқтисоди ҷаҳон мебошад.

Профессор Убайдулло Асрорзода ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ ба кишварҳои хориҷи наздик, Испания, Нидерланд, Гурҷистон, Ҳиндустон, Малайзия, Олмон, Британияи Кабир, Қатар ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарҳои корӣ анҷом додааст.

Дар тӯли фаъолияти меҳнатӣ барои дастовардҳои назарррас Убайдулло Асрорзода бо як қатор унвон ва ҷоизаҳои давлатӣ, ба монанди “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2012), Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (соли 2013), Медали “Хизмати шоиста” (соли 2018) ва Ордени Шараф, дараҷаи II (соли 2024) сарфароз шудааст.

Рӯйхати корҳои илмӣ – https://elibrary.ru/author_profile.asp?id=1221809