Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин 17 ноябри соли 2024 намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти Донишгоҳи Чиндао Бинҳай вохӯрии судманд анҷом доданд.
Дар мулоқот роҳбарияти Бюрои маориф ва варзиши Чиндао, раёсати донишгоҳ, директорони институтҳои илмҳои муҳандисӣ, технологияхои иттилоотӣ, забонҳои хориҷӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳи мазкур дар самти ташкили табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати профессорони ҷонибҳо, амалисозии таҳқиқоти илмӣ ва чорабиниҳои илмии муштарак, ташкили таҷрибаомӯзӣ ва лагерҳои зимистонаву тобистона ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо доир ба самтҳои болозикр дар доираи созишномаи ҳамкорӣ ба роҳ монда мешаванд.
Дар баробари ин, масъалаи таъсиси “Институти Бан-Мо” миёни ҷонибҳо муҳокима карда шуда, ҳамкориҳо дар ин самт дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳа сурат хоҳад гирифт.
Дар интиҳои мулоқот ба сифати рамзи дӯстӣ ва эҳтиром, ҷонибҳо ба ҳамдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ