РОҲАНДОЗИИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ UMY-И ШАҲРИ ЁГЯКАРТАИ ИНДОНЕЗИЯ

22 марти соли 2025 дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Индонезия роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи UMY-и шаҳри Ёгякарта ва ҳайати роҳбарикунандаи он вохӯрии судманд анҷом доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати профессорони ҳарду ҷониб, амалисозии таҳқиқоти илмӣ ва чорабиниҳои муштарак, инчунин ташкили таҷрибаомӯзӣ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо дар асоси созишномаи ҳамкории дар ҷараёни вохӯрӣ имзошуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ду кишвар ба роҳ монда мешаванд.
Дар фарҷоми мулоқот, ҳамчун рамзи дӯстӣ ва эҳтиром, ҷонибҳо ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
🌍Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *