Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Лондони Подшоҳии Британияи Кабир ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳон – ректорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо роҳбарият ва намояндагони Форуми Осиёи Марказӣ, роҳбарияти факултети омӯзиши кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна ва Фонди Ҳинд ва Эрони Қадими Донишгоҳи Кембриҷ вохӯрӣ анҷом доданд.
Қабл аз ҳама, дар доираи мулоқот роҳбарони донишгоҳҳои кишвар оид ба самтҳои фаъолият ва доираи ҳамкории ҷонибҳо иттилоъ доданд.
Сипас, бо роҳбари Форуми Осиёи Марказӣ (Central Asian Forum) доктор Сидҳарт Саксена вохӯрӣ доир карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Форуми Осиёи Марказӣ дар рушди робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳаммияти хоса дорад. Дар робита ба ин, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар имкон доранд, ки дар ҳамкори бо Форуми мазкур дар самти татбиқи барномаҳои байналмилалии таҳқиқотӣ нақши муассир дошта бошанд.
Ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистон аз фаъолияти илмии форум ва имкониятҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими робитаҳои илмӣ таъкид карданд.
Ҳамзамон, бо роҳбарияти факултети омӯзиши кишварҳои Осиё ва Ховари Миёнаи Донишгоҳи Кембриҷ вохӯрӣ доир гардид.
Факултети омӯзиши кишварҳои Осиё ва Ховари Миёнаи Донишгоҳи Кембриҷ яке аз марказҳои муҳими илмии ҷаҳон дар соҳаи таҳқиқи забон, адабиёт, таърих, фарҳанг ва ҷомеашиносии кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна ба шумор рафта, дорои захираи ғании илмӣ ва мутахассисони баландпояи байналмилалӣ мебошад.
Зимни мулоқот масоили ҳамкории муштараки ҷонибҳо мушаххас карда шуданд, ки дар асоси созишномаи ҳамкорӣ ва дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо сурат мегиранд.
Дар баробари ин, дар доираи ташриф ба Донишгоҳи Кембриҷ вохӯрӣ бо профессор Алмут Ҳинтз – директори Фонди Ҳинд ва Эрони Қадим ва дигар намояндагони маркази мазкур баргузор гардид.
Ҳамин тавр, вохӯрӣ ва мулоқоти доиршуда бо воҳидҳои сохтории Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир қадами муҳим дар самти густариши робитаҳои академӣ ва илмию таҳқиқотӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Кембриҷ ба ҳисоб меравад.

















