РУШДИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ДАР ШАРОИТИ ТАШАККУЛИ ИҚТИСОДИ САБЗ

РУШДИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ДАР ШАРОИТИ ТАШАККУЛИ ИҚТИСОДИ САБЗ. Баргузории мизи мудаввар бо ташаббуси Институти рушди устувор ва иқтисоди сабз
25 декабри соли 2024 дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди бозори меҳнат дар шароити ташаккули иқтисоди сабз” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарону мутахассисони ширкатҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва олимону коршиносон ширкат намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Убайдулло Асрорзода оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди устувор, иқтисоди сабз, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуда, оид ба муҳим будани мавзуи мизи мудаввар дар шароити ташаккули иқтисоди сабз дар ҷаҳони муосир қайд намуданд.
Зикр гардид, ки рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди сабз ҳамчун яке аз механизмҳои калидии ин раванд бояд мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирад. Бозори меҳнат бояд мутобиқ ба талаботи нави иқтисоди сабз ташаккул ёбад ва ба таври муассир ба таъсиси ҷойҳои нави кор, таъмини шуғли пурсмаҳсул ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат кунад.
Сипас, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, намояндагони ширкатҳои хусусии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва олимону коршиносони соҳа иштирок ва баромад намуданд.
Дар хотимаи мизи мудаввар баҳсу музокираҳо оид ба мавзуи он сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳо дар шакли хулоса қабул гардиданд.
ш. Душанбе, 25.12.2024

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *